Оби раҳмат омаду Наврўз шуд
Тибқи иттилои Берун, рўзи шашуми моҳи фарвардин Наврўзи бузург аст. Гўянд, Худованд дар ин рўз аз офариниши ҷаҳон осуда гардидааст, чунки дар ин рўз Худованд муштариро офаридааст. Зардуштиён мегўянд, ки Зардушт дар ин рўз тавфиқ ёфтааст, ки бо Худованд муноҷот намояд ва Кайхусрав дар ин рўз ба ҳаво ба меъроҷ рафт ва дар ин рўз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат кардааст, бинобар ин мардум ин рўзро рўзи умед номидаанд. Ҳар кас дар бомдоди ин рўз, пеш аз он ки сухан гўяд, шакар бичашад ва ба равғани зайтун тани худро чарб кунад, тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд.
Наврўз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ–1–уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20–21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо “Иди сари сол”, “Иди соли нав” ва дар байни мардуми Бадахшон “Хидир аём” меноманд. Наврўз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу рўз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо,некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон,Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз таҷлил мешавад. Наврўз дар байни тамоми идҳои мардумони ҷаҳон ҳамагонитарини ҷашнҳост.
Наврўз ҷашнест, ки бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст ва он таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти манобеи бостонӣ пайдоиши онро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози “Шоҳнома” овардааст,ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каён ва мувофиқ ба шукўҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дўш гирифта, аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва ба тахти ў метобид ва иникос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида, дар шигифт шуданд ва он рўзро “Рўзи нав” хонданд. Пас аз он рўз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврўз оғоз намуд.
Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврўз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гўшаву канори Эронзамин ба сўйи ин тахтгоҳ бо ҳадяҳои наврўзӣ равонанд. Намояндагони мардумони гуногун ба шоҳаншоҳ дар баробари неъматҳои дастпарвардаи худ армуғонҳои гаронбаҳо –зару сим ва дуру гавҳар оварда,ба пои ў нисор мекарданд.
Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврўз номидаанд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарони дар бораи пайдоиши Наврўз ва тарзи барпо гардидани он маълумот ироа намудаанд. Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби “Мулуку–л–арз ва –л–анбиё” бар асоси асотиру ақидаҳои куҳан дар бораи таърихи мардумони эронӣ мегўяд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рўзи аввали фарвардинмоҳ, ки рўзи Навруз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рўзу шаб падид омадааст.
Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврўз чунин гуфтааст: “Бархе аз уламои эрон мегўянд, ки сабаби ин рўзро Наврўз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (буто) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврўз бузург ва муаззам буд”. Берунӣ аз Озарбади Мубади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшакарро дар кишвари Эрон рўзи наврўз кафш кардаанд.Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гўё, рўзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мебинад ва онро ба даст гирифта, обашро чашида дидааст, ки ширин мебошад. Амр кардааст, ки оби онро берун оваранд ва аз он шакар истеҳсол намоянд. Ва он гоҳ дар рўзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврўз ба якдигар ҳадя мефиристоданд.
Тибқи иттилои Берун, рўзи шашуми моҳи фарвардин Наврўзи бузург аст. Гўянд, Худованд дар ин рўз аз офариниши ҷаҳон осуда гардидааст, чунки дар ин рўз Худованд муштариро офаридааст. Зардуштиён мегўянд, ки Зардушт дар ин рўз тавфиқ ёфтааст, ки бо Худованд муноҷот намояд ва Кайхусрав дар ин рўз ба ҳаво ба меъроҷ рафт ва дар ин рўз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат кардааст, бинобар ин мардум ин рўзро рўзи умед номидаанд. Ҳар кас дар бомдоди ин рўз, пеш аз он ки сухан гўяд, шакар бичашад ва ба равғани зайтун тани худро чарб кунад, тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд.
Дар аҳди Сомониён ба инкишофи суннатҳои бостонӣ халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароунаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврўз, Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ, Наврўзроро аввал дар рўзи 1–уми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рўз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд ва аз ин рў “Наврўзи кишоварзон”ва “Наврўзи муғон” меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул Наврўзро заҳматкашон бо тантана ҷашн мегирифтанд. Мардум ба шарафи Наврўз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рўз пеш аз Наврўз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рўйи хони Наврўзӣ мегузоштанд ва омади кишти зироатро аз рўйи холати сабзиши он пешбинӣ менамуданд. Аз ҳамон давра одати мардум шуда буд, ки дар ҳафт зарф рўзи Наврўз ҳафт навъи ғалларо мекориданд ва аз рўйи сабзиши онҳо фол мегирифтанд ва пешгўӣ мекарданд, ки дар ин сол ба кадоме аз ин рустаниҳо эътибор бидиҳанд ва корҳои кишоварзиашон чӣ гуна сурат хоҳад гирифт.
Як бахши ҷашни Наврўзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳад. Дар айёми Наврўз мусобиқаҳои гўштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон ), инчунин бозиҳои тухумҷанг, хурўсҷанг, кабкҷанг, чиллакандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешаванд. Маъмултарин мусобиқаҳои наврўзӣ гўштингирӣ ва бузкашӣ буданд..
Дар бисёр маҳалаҳо пеш аз фаро расидани Наврўз мардум расму ойинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, чоршанбеи сурӣ ё чоршанбеи охирон, ҳинобандон бахткушоён ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо рўзи чоршанбеи охири солро “чоршанбе сурӣ”, яъне ҷашну хушнудии рўзи чоршанбе номида ,онро дар арафаи ҷашни Наврўз барпо менамуданд.
Ҳангоми таҷлили соли нав дар байни мардуми мо оростани сурфаи “Ҳафтсин” маъмул буд, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон “син” дохил мешуданд. Ин ашё себ, сир, сирко, сабза, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маънӣ доштанд. Баъзеҳо ба тақлиди “Ҳафтсин” суфраи “Ҳафшин”–ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд (асал) ,шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буданд. Тоҷикон суфраи “Ҳафтмева”–ро меоростанд, ки аз ҳафт навъи меваҳои маҳаллӣ иборат буд. Занҳо дар арафаи Наврўз маслиҳат карда, дар табақҳо гандум месабзониданд ва дар рўзи муайян аз он дастаҷамъӣ дар деги калоне суманак мепӯхтанд.
Дар айёми Наврўз мардум ба сайругашти идона мебаромаданд. Ҷойҳо ва навъҳои махсуси сайр ва идгоҳҳо мавҷуд буданд. Масалан, “Сайри соли нав”, “Сайри Ширбадан”, “Сайри оби раҳмат”, “Сайри Қўшчинор”, “Сайри гули биҳӣ”, “Сайри гули норинҷ” ва ғайра. Мардум гурўҳ–гурўҳ (заноҳ ҷудо аз мардон) бо талу теппаҳои гулпўш, лаби чашмаву канори дарёҳои мусаффо ва ҷойҳои дигари хушобуҳаво рафта базму хурсандиҳо мекарданд. Духтарон даф навохта сурудхонӣ ва рақсу бозиҳо мекарданд,ба шоҳҳои дарахтони бузург арғунчак баста алвонҷ мехўрданд. Моҳияти ин дилхӯшиҳо, суруду таронахониҳо, дидорбиниҳо аз он иборат буд, ки тамоми сол зиндагӣ бо фаровониву хушнудӣ сипарӣ гардад. Таронаҳои ба Наврўз бахшидаи тоҷикон асосан мазмун ва мундариҷаи тавсифӣ дошта, бештар табиати диёри зебоманзарро васф ва зиндагии беғашу беолоишу ширинро тараннум кардаанд.
Фасли Наврўз аст, айёми баҳор,
Гул шукуфту гашт олам лолазор,
Дашту саҳро сабзу хуррам гаштааст,
Аз насими соф, ҳавои беғубор.
Баҳор омад, замони айшу нўш аст.
Ба ҳар сў боғҳои гул ба ҷўш аст.
Ба ҳар сў боғҳои гул чӣ бошад?
Ки ёрҷонам гули сабзинапўш аст.
Оби раҳмат омаду Наврўз шуд,
Боғ сабзу лола дилафрўз шуд.
Ҳар кӣ аз ҷон хидмати устод кард,
Ёфт илму дар ҷаҳон пирўз шуд.
Наврўз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дўстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳатро ба этибор гирифта, Созмони Миллали Муттаҳид 23–юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64–уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рўзи 21–уми мартро Рўзи байналмилалии Наврўз эълон намуд. Мувофиқи он акнун Наврўз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврўз бо тамоми шуқўҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар сартосари Ҷумҳурӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз маводҳои энсиклопедӣ,
Интернет ва фарҳангомаҳо таҳияи
Зебуннисо Сафарова, мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.