Саду панҷ сол пеш дар ин рӯз: Мавлуди Аслӣ Бурҳонов, Артисти халқии СССР

 Бо номи ў нахустин қадамҳои театри тоҷик вобастаанд. Яке аз ҳунарварони пешқадами касбии драмавии тоҷик, иҷрокунандаи нақшҳои лирикию драмавӣ дар асарҳои саҳнавии миллӣ ва классики ҷаҳон, яке аз аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик мебошад.

 Ҳунарпешае, ки дар ягон мактаби театрӣ таҳсил накардааст ва бо роҳи хеш қадам ниҳода бисёр душворӣ ва азиятҳоро паси сар карда, дар меҳнати ҳаррўза таҷрибаи актёрӣ кашф намуда, онро ба воситаи таҷрибаи эҷодии хоси худ ба даст овардааст.

 Аслӣ Бурҳонов пурмаҳсултарин санъаткори театри тоҷик буда, корнамоии ў дар саҳнаи театр оинаи рўзгори ин сарсупурдаи санъат мебошад. Яке аз аввалин Арбоби санъати тоҷик, ки дар пешрафти он саҳми арзандае гузоштааст,

  Ў бо образҳои офаридаи худ дар саҳнаи театри тоҷик обрўю эътибори калон пайдо карда буд. Нахустин кори эҷодии Аслӣ Бурҳонов соли 1930 дар саҳнаи театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Бухоро оғоз ёфта буд. Соли 1933 ўро ба театри шаҳри Душанбе даъват намуданд. Актёри болаёқат дар давоми кораш мушкилоти зиёди эҷодиро паси сар намуда, дар натитҷаи омўзиши пурсаброна, меҳнатдўстӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба касб ба комёбии эҷодӣ муваффақ мешавад.

 Соли 1936 аз Москва Е. И. Мителман ном режиссёри маъруф ба Тоҷикистон омада, режиссёри театри ба номи Лоҳутӣ таъин шуд. Ин режиссёр корро бо омўзиши системаи К.Станиславский дар байни ҳунармандони театр шуруъ намуд. Машғулият аз омўхтани асари Шиллер «Макр ва муҳаббат « сар шуд. А.Бурҳонов образи Фердинандро офарид, ки назар ба нақшҳои пештара дар фаъолияти ҳунарманд мавқеи хос пайдо намуд. Офаридани нақшҳои Труфаллдино аз «Хизматгори ду хоҷа», Ҳоҷиваққос  аз, «Арўси панҷсўма», Навоӣ аз “Алишер Навоӣ”, Граф Кент аз «Шоҳ Лир», Яго аз “Отелло», Салим аз «Калтакдорони сурх», Меркутсио аз «Ромео ва Ҷулетта», Рўдакӣ аз «Рўдакӣ» комёбиҳои барҷастаи минбаъдаи Аслӣ Бурҳонов гардидаанд».

 Эҷод намудани нақши Ленин дараҷаи олии эҷодии актёр ба шумор меравад. А. Бурҳонов дар филмҳои «Одами милтиқдор»-, «Ленин дар Октябр», «Ленин дар соли 1918» овози Ленинро ба забони тоҷикӣ  дубляж карда буд. Соли 1948 театри ба номи Лоҳутӣ намоишномаи» «Одами милтиқдор»-ро таҳия намуд. Офаридани нақши Ленин ба А. Бурҳонов супурда шуд. Образи Ленин дар спектаклҳои минбаъдаи театр аз тарафи А.Бурҳонов пурҷило ва мукаммал гардид. Соли 1957 театри ба номи А. Лоҳутӣ намошномаи «Ҳуррият»-ро дар Қасри калони съездҳои Москва» намоиш дода буд. Ҳангоме, ки Ленин-и А.Бурҳонов дар саҳна пайдо мешавад, толори калони «Қасри съездҳоро қарсакзаниҳои ғулғуланок фаро мегирад.

 Аслӣ Бурҳонов дар кино ҳам як қатор ролҳои хурду калонро иҷро намуда, ба мисли театр сурати зоҳирӣ ва ботинии нақшро эҳтиёткорона офаридааст. Ў дар филми режиссёр Р.Перелштейн «Ман бо духтаре вохўрдам»  нақши Мухтор-Ака, дар филми режиссёр Т.Собиров «Писар бояд хонадор шавад»  Карим-ака, Абдулло дар  филми коргардон Б.Кимёгаров «Дохунда», Нўҳ Амири Сомонӣ дар филми режиссер К.Ёрматов «Абўали ибни Сино» ва ғайраҳо нақшҳои ҷолиб офаридааст.

 Ў бисёр ҷавонони соҳибҳунарро тарбия намуда таҷрибаи чандин солаашро ба онҳо ёд медод. Ўро ҳама чи санъаткорон ва чи мухлисони санъат дўст медоштанд, зеро ў ҳамеша дастгиру хайрхоҳи мардум буд.

Ҳунарпеша 29 декабри соли 1997 вафот кард. Дар қабристони Сари Осиё дафн карда шудааст.

   Асли Бурҳонов дар хотир на фақат бо ролҳои худ, балки бо шахсияти хеш, бо он хизматҳое, ки дар инкишофи театри миллии тоҷик ва маданияти нав кардааст, нақш бастааст.

  Дар шуъбаи Адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар чунин китобҳоро аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии артисти халқии СССР А.Бурҳонов дастрас намудан мумкин аст.

Нурҷонов, Низом. Аслӣ Бурҳонов: – Душанбе: Ирфон,1982, 190 саҳ

Нурҷонов Низом. Мактаби актёрии тоҷик. – Душанбе, 2011, 496 саҳ.        

Нурҷонов Низом. Асли Бурҳонов: – Душанбе: 2014, 268 саҳ.

Азизова,Саодат . Дар масири ёдҳо: – Душанбе, Адиб, 2015, 112 саҳ.

Таҳияи Нигина Маҳмудова

Мутахассиси Шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.