Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ
Ганҷинаи дастнависҳои шарқи ба номи А. Мирзоеви Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, калонтарин маҳзани дастнависҳои шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи ин Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузашта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, Самарқанду Бухоро ва ғайра пас аз таъсиси шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъоварӣ намудани дастнависҳо ба миён омад.
Соли 1953 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дастнависҳои ҷамъоваришуда ба ихтиёри Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Аз соли 1958 нигаҳдорӣ ва омӯзиши дастнависҳо ба уҳдаи Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси адабӣ (аз соли 1970 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2012 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) гузошта шуд. То соли 2015 дар ин Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ, беш аз 5750 даснавис, 6880 нусхаи чопи сангӣ, 1300 микрофилм, 400 фотонусха ба забонҳои тоҷикӣ (форсӣ), арабӣ, туркӣ ва яҳудӣ мавҷуд аст. Дар ин Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, инчунин миқдори зиёди руқаот – қитъаҳои хаттотони маъруф, муншаот (номаҳо), санаду васиқаҳо, китобҳои чопи Эрон (эҳдои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон), рӯзномаҳо ва маҷалаҳои солҳои аввали даврони шӯравӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар гӯшаи махсус, ки «Захираи ёдгориҳои хаттии Бадахшон» ном дорад, микрофилм ва аксу нусхаҳои бештар аз 280 дастнависи дар миёнаҳои солҳои 1959-1963 аз ноҳияҳои мухталифи ВМБК дарёфтшуда нигоҳ дошта мешаванд. Қадимтарин нусхаҳои мавҷуд дар Ганҷинаи даснависҳои шарқии, нусхаи китоби муқаддаси Қуръон (асри 12) бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони тоҷикӣ, дасхати китоби динӣ ба забони русӣ (асри 18), нусхаи асари Абурайҳони Берунӣ «Китобу-т-тафҳим ли авоили саноати-т-танҷим» (асри 13) ва ду ҷилд китоби муқаддаси «Таврот» ба забони яҳудӣ дар ду сандуқи махсуси доирашакл, ки дар Бухоро дар пӯсти даббоғишуда китобат шудааст ва дарозии он ба чанд метр мерасад, мебошанд. Нусхаҳои қаламии Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ, дар маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, кишварҳои арабӣ, Синсзяни Чин китобат шудаанд.
Дастнависҳои мавҷуд дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, соҳаҳои мухталифи илму дониш, аз ҷумла таърих, ҷуғрофия, фалсафа, фиқҳ, илоҳиёт, адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, дину мазҳаб, тасаввуф, мусиқӣ, нуҷум, маъданшиносӣ, тиб, байторӣ, варзиш, ҳуқуқшиносӣ, таббохӣ, хулоса тамоми ҷанбаҳои мухталифи илму фарҳангро фаро мегиранд. Дар ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ, теъдоди зиёди китобҳои чопи сангӣ (литография) мавҷуданд, ки дар Лакҳанав, Бомбай (ҳоло Мумбай), Пешовар, Кашмир (охири асри 19 – ибтидои асри 20) ба чоп расидаанд, ки дар айни замон як навъ ҳукми дастнавис дошта, аз дербоз камёфту нодир гардидаанд. Дар ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ, инчунин асарҳои зиёде роҷеъ ба таърих, фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр гардидаанд, вуҷуд доранд. Даснависҳои мавҷуд дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, ҳангоми таҳияи матнҳои илмӣ ва интиқодӣ ва илмию оммавии осори адибону донишмандони ниёгони мо аз ҷониби муҳақиқони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва донишмандони кишварҳои дигари хориҷӣ истифода мешаванд. Тавсифи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркии Ганҷинаи давтнависҳои шарқӣ, дар 10 ҷилд ба поён расонида шудааст, ки аз онҳо 5 ҷилд (1960-1974) ба табъ расид. Феҳристи дастнависҳои аз ВМБК дарёфтшуда низ соли 1967 ва феҳристи дастнависҳои мусаввару мунаққаш соли 1967 нашр шудааст.
«Феҳристи дастнависҳои шарқии аз нигоҳи бадеӣ ороишёфтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1986) ва «Феҳристи китобҳои чопи сангӣ» (соли 2013) ба чоп расидаанд.
Дар айни замон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз шахсони алоҳида харидорӣ намудани китобҳои нодир ҳамасола (аз соли 2009) 20 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад ва дар натиҷа солҳои охир беш аз 500 дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ вориди, Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ гардид. Ин Ганҷинаро дар даврони истиқлол сарварони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Русия – Борис Елтсин, Афғонистон – Бурҳониддини Раббонӣ, Аскар Акаев (Қирғизистон), Рафсанҷонӣ, Хотамӣ (Эрон), инчунин олимони зиёде аз Фаронса, Олмон, Англия ва Амрико, Эрон, Туркманистон ва ғайра дидаанд ва бо осори гаронбаҳои халқи тоҷик ошно шуда, аз он истифода кардаанд.
Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум) ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.
Таҳияи Ҷӯрахон Ғафуров,
сармутахасисси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар