Гавҳар, гуҳар, ҷавҳар, марворид, дур(р), 1) моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намуд хои моллюскаҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳарро ба вуҷуд меорад.
Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ,зардча, баъзан сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабўтар мешавад. Гавҳари калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи гавҳар аз нахўд калонтар мешавад. Гавҳарҳои андозаашон хурдро марворид, сурхтоби нисбатан калонашро дурр меноманд. Гавҳарро аз баҳри Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва Венесуэла ба даст меоранд.
Дар замонҳои қадим аз дарёҳои Руссия, Шотландия, Олмон, Чин ва мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ низ гавҳар мегирифтанд. Гавҳар дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва мамлакатҳои дигари Шарқ аз қадимулайём (чанд аср пеш азмелод) маъмул буд. Гавҳарро дар маснуоти заргарӣ (шадда,ҳалқа) (гўшвор), ангуштарӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар тибби қадим гавҳарро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо дар таркиби давоҳои гуногун аз ҷумла, доруи чашм (сурмаи сулаймонӣ) низ ба кор мебурданд.
Бинобар афзудани талабот ба гавҳар дар асри 20 ба таври сунъӣ ҳосил кардани он (махсусан дар Ҷопон) авҷ гирифт. Ба ин мақсад ба ҷавфи моллюскаҳои баҳрӣ саққочаҳои садаф мегузоранд, ки аз онҳо дар муддати муайян гавҳар ҳосил мешаванд.
2) Санги қимати ёқут, марҷон, лўълў, бештар алмос.
3) Дар фалсафа ба маънои асл, зот, сиришт истифода мешавад.
4) Ба маънои маҷозӣ – нажод, насаб, фарзанд, ашк, дандон:
Ҷавон буду аз гавҳари паҳлавон,
Хирадманду бедору равшанравон
Фирдавсӣ
Манзур кунӣ ба манзари хеш,
Пайваста диҳӣ ба гавҳари хеш
Ҷомӣ
Дар адабиёти бадеӣ гавҳар сифатҳои гуногун дорад: гавҳари манзум (гавҳари ба ришта кашидашуда), гавҳари ноб, (гавҳари тозаву мусаффо ва холис), гавҳари суроб (гавҳари рахшон), гавҳари фард, гавҳари фурўзон, гавҳари якто, гавҳари якдона, гавҳари шабафрўз, гавҳари шабчароғ (гавҳаре, ки дар шаб метобад).
Аз китоби Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4, Душанбе, 2015, Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, саҳ. 116.
Таҳияи Нигина Маҳмудова
корманди шуъбаи адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар
Теги: адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар