Дар адабиёти шифоҳӣ гул рамзи маҳбуба ё маъшуқа қарор гирифтааст. Тавсифи гул чун зебоӣ, хушбўӣ ва назокат бо сифоти маъшуқаҳои нозукандому зебо умумият доранд. Ҳамин муштаракоти сифот боиси намоди маҳбуба қарор гирифтани гул шуда аст. Ҳам дар назми шифоҳӣ ва ҳам дар адабиёти хаттии бадеӣ ба гул муроҷиат намудан, яъне, маҳбубаро гул номидан хитоб намудан маъмул аст.
Бо ҳамин ном маводи конфронси илмӣ, ки 18 октябри соли 2018 (дар доираи баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе») баргузор шуда буд, дар таҳия ва муҳарририи Ш.Комилзода, М.Ҷўраев дар нашриёти Истеъдод рўи чоп омад.
Китоб маҷмўаи арзишҳои инсонӣ буда, тавассути он одамон ғизои маънавӣ мегиранд, дараҷаи донишу тафаккур ва биниши хешро афзун мегардонанд. Дар замони муосир ба нақши китоб дар арсаи ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро китоб воситаи муҳими паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор рафти, нақшу мақоми он ҳамчун сарчашмаи дониш, баёнгари таърихи гузаштаву навин ва таҷассумгари симои фарҳанги миллӣ дар арсаи
Сафар Сулаймонӣ донишманди фарҳангшинос, эроншинос ва педагогика, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи иттилоотшиносии Созмони Милали Муттаҳид, узви Бунёди эроншиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳқиқи масоили фарҳанг ва фарҳангшиносӣ саҳми босазо гузоштааст. Донишномаи фарҳангшиносии навин (нашри дувум бо илова ва таҷдиди назар)-и Сафар Сулаймонӣ зери назари доктори илмҳои фалсафа, профессор Саъдулло Раҳимов дар нашриёти Ирфон соли 2018 иборат аз 524 саҳифа, адади нашр 500 нусха аз чоп баромад.
Имрўз илми фарҳангшиносӣ дар қатори дигар илмҳо пешрафт намуда,