Булбулон бар шохи гул дилҳои пурхун бастаанд...

Дар адабиёти шифоҳӣ гул рамзи маҳбуба ё маъшуқа қарор гирифтааст. Тавсифи гул чун зебоӣ, хушбўӣ ва назокат бо сифоти маъшуқаҳои нозукандому зебо умумият доранд. Ҳамин муштаракоти сифот боиси намоди маҳбуба қарор гирифтани гул шуда аст. Ҳам дар назми шифоҳӣ ва ҳам дар адабиёти хаттии бадеӣ ба гул муроҷиат намудан, яъне, маҳбубаро гул номидан хитоб намудан маъмул аст. Бо мақсади намоиш додани зебоӣ ва латофати маҳбуба, таъкиди барҷастагии ҳусни ў, ё аъзои мутаносиби ў, анвои гул – наргис, садбарг, нилуфар, савсан, ва ғ. ба кор мераванд. Дар адабиёти муосир гул ва анвои он серистеъмол аст. Гул ҳамчун намоди маҳбуба ва намоиш додани зебоиҳои андоми ў ба кор меравад. Гули наргис, бунафша, хайрӣ, сунбул, садбаргу нилуфар, савсан, лола ва ғ. дар адабиёт ва санъати тоҷик вазифаи бадеиро иҷро мекунанд.

Гул (аз паҳлавии gul, форсии бостон vardidha, авестоии варто «varta» ва вард vard), дар адабиёт, яке аз образҳои шеърист. Аз истифодаи ин вожа  дар «Бурҳони қотеъ» ба шакли «вард» шарҳе мавҷуд аст. «Варда» дар аввалҳои даврони «Ашкониён» таҳаввули шаклӣ ёфта, ҳарфҳои( rd) ва (i) тағйир ёфтанд. «Varda – vala) хонда шуд ва тадриҷан садоноки а-и охири калима афтода гул ба шакли vel хонда мешуд.

Бо мурури замон  вел ба гул табдил ёфт ва дар давраҳои минбаъда дар забон ва адабиёти форс-тоҷик маъмул гардид. Гул ва анвои он – гули азраъ, гули бехор, гули навбар, гули наврўзӣ гули раъно, гули саҳар, гули сурх (киноя аз офтоб), гул чидан (маҷозан, баҳра бурдан), гули пажмурда (киноя аз рўи зард), гули рангин (киноя аз рўи зебо, лаб ва маҳбуба), гули навруста, гули садбарг(киноя аз маҳбуба), гули сурӣ, гули шукуфта, гули пиёда (гулҳои саҳроӣ, лола), гули сари сабад ( киноя аз  чизи аъло, чизи беҳтарин), гули хандон , гул кардан (зоҳир шудан), гули зардро арғавонӣ кардан, дамидани гул, аз ҳазор гулаш яке нашукуфта ва ғ. дар адабиёти форс-тоҷик ба таври густурда истифода гардидааст. Гул яке аз унсурҳои хаёл дар назми форс-тоҷик аст ва ҳамчун воситаи баёну тасвир ба кор меравад. Гул ҳамчун паёмовари баҳор, ифодагари шодию хурсандӣ, хушбахтӣ, сарсабзӣ, ишқу умед, ғаму андўҳ сўзу мотам дар сухани адибон таҷаллӣ ёфтааст.

Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бўстон омад.
                                        Рўдакӣ                                                          

Сари сайри гул надорам, зи чӣ рў равам ба гулшан,
Ки шунидам зи гулҳо ҳама бўйи бевафоӣ
                                                                  Ироқӣ

Гул чун намоди шуфтану шодӣ ва нашъунамо дар адабиёт ба кор меравад. Ғаму андўх, ноҳинҷорӣ чун хорест, ки боиси халал ёфтани шодиҳо мегарданд ва дар зиндагӣ образи манфӣ меги ранд. Зиддиятҳои ҷаҳон ки бо ҷуфтҳои ба ҳам муқобил боиси таносуб ва мувозинати оламанд, дар адабиёти тоҷик ба таври густурда тасвир ёфтаанд. Дар осори шоирон тасвири гул бо хор зиёд аст:

Ҷаври душман чӣ кунад, гар накашад толиби дўст,
Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ ба ҳаманд.
                                                                      Саъдӣ

Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?

                                                                       Ҳофиз

Гул дар баробари зинати дашту даман будан дар адабиёти бадеӣ чун образи маъшуқа дар робита бо булбул тасвир мешавад:

Чист, донӣ, ғунчаҳои ношукуфта дар чаман
Булбулон бар шохи гул дилҳои пурхун бастаанд.
                                                                       Ҷомӣ

Яке аз сифатҳои гул кўтоҳумрии он аст. Дар ин замина далели бевафоии гул низ бар асоси кўтоҳумрии он дар шеър бо таъкид ифода меёбад:

Касе, ки лола парастад ба рўзгори баҳор,
Зи шуғли хеш бимонад ба рўзгори хазон

Гуле, ки бод бар ў барҷаҳал, фурў резад,
Чаро ниҳам дили накўписанди хеш бар он?
                                                                     Фаррухӣ

Дар адабиёти шифоҳӣ гул рамзи маҳбуба ё маъшуқа қарор гирифтааст. Тавсифи гул чун зебоӣ, хушбўӣ ва назокат бо сифоти маъшуқаҳои нозукандому зебо умумият доранд. Ҳамин муштаракоти сифот боиси намоди маҳбуба қарор гирифтани гул шуда аст. Ҳам дар назми шифоҳӣ ва ҳам дар адабиёти хаттии бадеӣ ба гул муроҷиат намудан, яъне, маҳбубаро гул номидан хитоб намудан маъмул аст. Бо мақсади намоиш додани зебоӣ ва латофати маҳбуба, таъкиди барҷастагии ҳусни ў, ё аъзои мутаносиби ў, анвои гул – наргис, садбарг, нилуфар, савсан, ва ғ. ба кор мераванд. Дар адабиёти муосир гул ва анвои он серистеъмол аст. Гул ҳамчун намоди маҳбуба ва намоиш додани зебоиҳои андоми ў ба кор меравад. Гули наргис, бунафша, хайрӣ, сунбул, садбаргу нилуфар, савсан, лола ва ғ. дар адабиёт ва санъати тоҷик вазифаи бадеиро иҷро мекунанд.

Аз  китоби Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 4,  Душанбе, 2015. Муассисаи давлатии Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик, саҳ.504.

Таҳияи Нигина Маҳмудова
к
орманди шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар
.