Сухане чанд аз таърихи Саразми бостонӣ
Шаҳри Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Саразм чӣ гуна кашф шуд?
«Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад».
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад.
Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд.
Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исоқова, А.Т. Пликова, У. Эшонқулов, А.Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г.Р. Каримова, Ш.Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А.Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳӣ, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, ба низомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К.К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.
Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) Ю. А. Заднепровский, Ю. Ф. Буряков — доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар — доктори илмҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров — аъзо — корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б. А. Литвинский — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев – муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б. И. Маршак — мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих, Р. М. Масов — доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод Горден — бостоншиноси машҳури Фаронса пажӯҳиш гузаронидаанд. Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Русия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.
Хусусиятҳои хоси меъмории Саразмро мавҷудияти иморатҳои азиму мӯҳтамаш ташкил медиҳад. Ҳар як бинои истиқоматӣ аз 8 то 15 ҳуҷра доштанд ,ки биноҳо аз 20 то 30 кас ё аз 4 то 6 оила зиндагӣ мекарданд.
Оид ба фаровонии ғалладона дар асри биринҷӣ далелҳои дигари баҳсталаб ҳастанд. Дар натиҷаи Хафриёти биноҳои I – III – VII ҳуҷраҳои махсуси ғалланигоҳдориро дарёфт намуданд. Аз рӯи бозёфтҳои археологӣ дар Танзанияи Африқо 3000000 сол қалб аз ин инсонҳои аввалин пайдо шуданд. Ҳол он ,ки ба наздикиҳо олимони археолог пайдоиши одами аввалинро 6000000 сол меҳисобиданд. Баробари ин ,бояд тазакур дод, ки марҳилаи пайдоиши инсон дар ҳама ҷои кураи Замин якхела набудааст. Ҳамин тавр инсон дар тулии зиёди аз 3000000 сол давраҳои гуногуну мушкилтарини тахрихиро аз сар гузаронидааст ва то имрӯзҳо гузаштааст.
Ҳунармандӣ ва намудҳои он
Аз руи бозёфтҳои сершумор ва гуногуни давраи асри биринҷӣ малум гардид ,ки сокинони Сари Замин тақрибан гузаштагони замони асри сангу мисро оид ба истифодаи намуди ҳунармандӣ идома ва такмил доданд. Аз ин ҳунармандони нави замони асри биринҷӣ дар офаридани ашёҳои рӯзгор ресандагӣ ,бофандагӣ, дӯзандагӣ,тайер кардани чарму пойафзол ,сангтарошӣ, маъдангудозӣ ва аз онҳо сохтани ҳар гуна олотҳо ва аслиҳаҳо аз ниёгони худ хело пеш рафтанд.Тадқиқоткотҳои дар соҳа гузаронида нишон медиҳад ,ки сокинони Саразм зиёда аз 40 намуди ҳунармандиро бо тамоми нозукиҳояш аз худ кардаанд.То ҳол қариб 20 намуд олотҳои мисӣ,биринҷӣ,қурғошимӣ,нуқра ва тиллогиро дарёфт намудем.Инчунин ханҷар,нуги найза,камон,табар,теша, арашф,сархора,чангакҳои бофандагӣ ва моҳидорӣ, оина, мӯҳр, марҷон дида шудааст.
Солҳои 2003 ва 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомали Раҳмон аз Саразм дидан карданд. Бо супориши Сардори давлат панҷ объекти археологӣ дар деҳшаҳр болопӯшгардида, атрофи он панҷарагирӣ шуд. Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёнӣ эълон ва дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд.
Соли 2010 дар Иҷлосияи 36-уми ЮНЕСКО дар шаҳри Рио-де-Жанерои Бразилия Саразм ба феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳанги модии ЮНЕСКО.ворид карда шуд.
Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели мӯтамад,ки решаҳои тоҷик то куҷо меравад.
Адабиётҳои истифодашуда дар таҳияи мақола:
Энсиклопедияи Советии тоҷик, ҷ.6, соли 1986.
Абдурауф Раззоқов “Саразми бостонӣ”, соли2011.
Саразм 5500. Соли 2006.
Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.