Як замон бар одами бечораи бехонумон
Буд оташ ҳамчу нону ҷомаю ҷою макон.
З-ин сабаб мардум ба оташ эътиқоде доштанд,
Бо дилу ҷонаш худои хеш мепиндоштанд.
Баъд аз он, вақте ки мардум неку бад бишнохтанд,
Пас ба оташ неку бад бо майли худ пардохтанд:
Оқилонаш машъали роҳи адолат сохтанд,
Ҷоҳилонаш дар ҷаҳонсўзӣ ба кор андохтанд
Баргузидаи осори Мӯъмин Қаноат дар чандин баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъии гуногунзабон, дар гулчини ашъори «Шарора» (1960), «Ситораҳои замин» (1963), «Роҳҳо ва болҳо» (1964), «Мавҷҳои Днепр» (1966), «Достони оташ» (1966), «Сурӯши Сталинград» (1979), «Осори мунтахаб» (дар ду ҷилд, 1982), «Гаҳвораи Сино» (1983), «Китобҳои захмин» (1983), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1992), «Меҳри сипеҳр» (2007), «Сурӯши Сталинград» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 2011), «Эътиқодим» (Тошканд