Activities calendar

14 мая 2020

Саду даҳ соли Боқӣ Раҳимзода

Имрӯз ба таваллуди устод Боқӣ Раҳимзода-яке аз шинохтатарин суханварони қарни 20 тоҷик 110 сол шуд. Устод Боқӣ Раҳимзода аз зумраи мондагортарин чеҳраҳои адабии тоҷик буда, бо осори мондагори худ маҳбуби ҳазорон дилбохтагони адабиёти форсӣ мебошад. Боқӣ Раҳимзода мураббии шоирони тоҷик буд ва даҳҳо нафар китобашонро баъди таҳриру таҳлили ӯ ба чоп додаанд. Ёди Шоири халқии Тоҷикистон ба хайр!

РАҲИМЗОДА  Боқӣ (15.05.1910, деҳаи Сорбоғи ноҳияи    Ғарм  дар оилаи мударрис ба дунё  чашм кушодааст.   Барвақт аз падару модар сағир монд.

Китобнома. “Тараннумгари олами вуҳуш”

 Китобномае, ки ахиран бо ин ном интишор ёфт, осори чопию электронии  нависанда, барандаи ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, роҳбари хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҷид Салим ва адабиёт  оид ба фаъолияти эҷодию адабии ўро дарбар  гирифта, ба ифтихори 50- солагии вай таълиф гардидаст. Китобнома  нахустин дастурест, ки оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи эҷодию илмӣ-адабии  то ин дам ба сомон расондаи Маҷид Салим маълумоти пурра медиҳад.

 

Чанд Эпоси қаҳармонии олам. Бахши дуюм. «Олонҳо»

«Олонҳо»  эпоси қадимии ёқутҳо буда, дар бораи корнамоиҳои паҳлавонон, муборизаҳои онҳо алайҳи паҳлавонону махлуқоти бадҳайбат қисса мекунад. Этимологияи  калимаи олонҳо  маълум набуда, онро бо калимаи суруд ҳаммаъно донистаанд. Ин эпос аз миқдори зиёди сурудҳо ё асарҳо иборат буда, хонандаи онро олонхосутҳо ном мебаранд. Муайян намудани миқдори умумии чунин асарҳо, номбар намудани унвони онҳоро аз имкон берун донистаанд. Чунончи 125 сабти дар архиви Ёқутистон буда ва 16 матни комилу пораҳои алоҳидаи боқимондаро танҳо як қисми олонҳо шумурдаанд.