Диққати дигар нависандаи ҷавон – насрнависи навқалам Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қувваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мўйсафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки ба дидани писараш мерафт ва ҳазору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар назари аввал чунин менамояд, ки каҳрамони ин ҳикоя як пири фартут аст