«Умеди висол» маҷмўаи нави ашъори шоира Сайёраи Баҳодур мебошад. Дар он чакидаҳои қалами шоира, ки солҳои охир рўи саҳфа омадаанд, ҷамъ шудааанд. Сайёра ҳамчун эҷодкор чанд сол аст, ки ба хонандаи тоҷик шинос мебошад ва то ин вақт чанд маҷмўаи шеъру таронаҳояш дастраси ҳаводорони назм гардидаанд.
Китоби нави шоира аз он дарак медиҳад, ки муаллифи он ба камтавонияш нигоҳ накарда, зиндагиро дўст медорад ва ҷавононро ба меҳру муҳаббат, дўст доштани Ватан, ишқи пок ва рафоқату покизагӣ илқо мекунад.