Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва мардуми он мардуми таҳаммулпазиру меҳмондӯст, ваҳдатгарову дорои маърифати баланди илмиву фарҳангӣ буда, таърихи ниёгони мо моломоли далелҳои мардонагиву шуҷоатнокӣ, озодихоҳиву ваҳдатофарӣ, муборизаи беамон зидди душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамеша дастгири ҳамдигар дар рӯзҳои душворӣ ҳаёти буда, ҳангоми пайдоиши хатаре ба миллат ва кишвар аз як гиребон сар
Намояндаи барҷастаи адабиёти асрҳои миёнаи арман Арутюн Сайдян соли 1712 дар оилаи марди ҳунарманд дар шаҳри Тифлис, дар ҳамон шаҳре, ки гўё тамоми рангҳои табиат, халқҳо, урфу одат ва забонҳо бо ҳам омехтаанд, ба дунё омадааст. Зери таъсири муҳити гарми сиёсӣ, тиҷорат ва илмиву фарҳангии ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодии Сайёди Наво шакл гирифт. Муҳақиқони осору аҳволи ў қайд карданд, ки панҷ забонро медонист ва бо се забон эҷод мекард.
Нависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омўхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рўзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рўзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷўйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Ҷӯрабек Назрӣ, хунёгари маъруф, олими шинохта, пажӯҳишгари беҳамто бар асари бемории КОВИД-19 тарки олам кард. Рӯзи иди мубораки Фитр буд, ки ба хок супурда шуд. Ошиқи Худо даъвати Офаридгорашро дар чунин рӯзи Сайид пазируфт ва ошиқонаву муштоқона ба дидори ҳазрати Дӯст шитофт. Руҳаш шоду манзили охираташ нуронӣ бод!