Нависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омўхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рўзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рўзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷўйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Маҳкам Пўлод 29 майи соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби 8 - солаи ба номи И. В. Сталин, миёнаро дар мактаби миёнаи «20 – солагии Тоҷикистон» ва мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳр фаро гирифтааст. Соли 1958 вориди Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров шуда, соли 1963 ба итмом расондааст.
Фаъолияти меҳнатиро аз синни 15 – солагӣ сар карда, пас аз хатми донишкада дар Омўзишгоҳи касбӣ- техникӣ китобдор, дар мактаби 8 – солаи №25 ноҳияи Хуҷанд омўзгор будааст. Солҳои зиёде ба ҳайси мудири кабинети забон ва адабиёти Институти такмили ихтисоси омўзгорони вилоят, директори Хонамузейи Муҳиддин Аминзода фаъолият доштааст. Солҳои 2002 – 2005 мушовири шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.
Нависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омўхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рўзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рўзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷўйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Қиссаҳои «Савдои умр» ва «Марги беҳангом» аз рўзгори ҷавонон ҳикоят карда, онҳоро дар набарди рўзгор ва талоши ҳақиқату худогоҳӣ таҷассум намудаанд.
Ҳикояҳои «Косаи сафол», «Дўстам Рўзиев», «Маҳфуза» ва ғайра ба забонҳои русӣ ва узбекӣ тарҷума шудаанд.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.
Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Бозчоп аз “Адибони Тоҷикистон”. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 181.
Аз Маҳкам Пӯлод ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матлабро ҳам мтавонед суроғ кунед:
Нон: Ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф, 1986. – 80 с.
Раъногул: Ҳикоя // Чашма. – 1987. – №12. – С. 16.
Соҳибтаҷриба: Ҳаҷвия // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 22 август.
Машварати махфӣ: Ҳикояти ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 29 декабр.
Қиссаҳо Хаёлов: Ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 4 феврал.
Ҳаминро гўед – дия!: Ҳаҷвия // Ҳақиқати Ленинобод. – 1988. – 18 феврал.
Саги беризқ: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1989. – №9. – С. 5.
Аёдат; Машҳур шудам; Омаданду нишастанду…: Ҳикояти ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 26 октябр.
Табаддулот: Ҳаҷвия // Ҳақиқати Ленинобод. – 1989. – 8 апрел.
Ҷамъияти нав: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1990. – №7. – С. 12.
Марди наҷиб: Дар бораи шоир Муҳиддин Аминзода // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 12 апрел.
Ҷамъияти нав: Ҳаҷвия // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 5 январ.
Раиси нав: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1991. – №4. – С. 13.
Келини нав: Ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1992. – 5 феврал.
Номаи хоса: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 4 – 5 сентябр.
Хазони умр: Ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 10 март; 11 март; 16 март; 18 март; 27 март.
Марди шарифу фарди зариф: Профессор Карим Абдулоевич 60 – сола шуданд // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 29 июн.
Худо медонад… : Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 21 ноябр.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ