Дар ин китоб моҳияти методология, асосҳои методологии маърифати илмӣ, маҷмўи методҳои маърифати илмӣ, махсусияти назарияи ВАО, ҷанбаҳои методологии он, самтҳои асосии пажўҳишҳои илмии муосир дар назарияи журналистика, сохтори методологии таҳқиқи диссертатсионӣ ва амсоли ин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Он барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, магистрҳо ва ҳаводорони илмҳои гуманитарӣ, хосса илми журналистика пешниҳод мешавад.
Монографияи мазкур ба таҳқиқи илмӣ-амалии функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлат, шаклу усулҳои амалисозии он бахшида мешавад. Дар он ҷанбаҳои гуногуни мафҳум, мазмун намудҳои функсияҳои давлат, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ, низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, мустақилияти функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ дар низоми функсияҳои давлат муайян карда мешавад. Дар раванди таҳқиқи функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ заминаҳои илмӣ ва амалии мустақилияти он, таносубаш бо функсияҳои дигари давлат, аз он ҷумла бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ чун шакли махсуси амалисозии функсияҳои давлат муайян ва таҳлил карда мешаванд.
Умре саҳна оро додааст. Дар беҳтарин намоишномаҳо ба ҳайси ороишгари саҳна интихоб шудааст. Маҳорати хуби эҷодӣ дорад, метавонад саҳнаро тавре оро диҳад, ки ба муроди дили коргардони он бошад. Истеъдоди фитрӣ ёраш. То кунун дар даҳҳо намоишномаҳои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ номи ӯро чун рассом мехонем. Имрӯз умраш ба 70 расид.
Шобутолибов Шобутолиб Шоиброимхонович рассоми театри тоҷик 30 майи соли 1950 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони
Ишқ чист? Чӣ муаммоест, чӣ сарафканист ба қаъри дунёи дарду алам, ранҷу озорҳо? Ошиқ кист ва дар роҳи мурод ба чӣ ҷонфидоиҳо қодир аст? Ба ин суолҳо хонандаи азиз аз қиссаҳои нави Муқим Воҳид ба андозае бохабар хоҳад гашт.
Муқим Воҳид 9 – уми апрели соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1967 ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд дохил гашта,