Мусаввири саҳнаоро Шобутолиб Шобутолибов

 Умре саҳна оро додааст. Дар беҳтарин намоишномаҳо ба ҳайси ороишгари саҳна интихоб шудааст. Маҳорати хуби эҷодӣ дорад, метавонад саҳнаро тавре оро диҳад, ки ба муроди дили коргардони он бошад. Истеъдоди фитрӣ ёраш. То кунун дар даҳҳо намоишномаҳои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ номи ӯро чун рассом мехонем. Имрӯз умраш ба 70 расид.

 Шобутолибов Шобутолиб Шоиброимхонович рассоми театри тоҷик 30 майи соли 1950 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1989 ба унвони Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон мушарраф гашт. Омўзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимови ш. Душанбе соли (1971), Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи Ленинградро соли (1978) хатм намудааст. Аз соли 1978 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ кор кардааст.

 Намоишномаҳои гуногун, аз ҷумла «Ваня-тағо»-и А.П. Чехов, «Дар чорроҳа»-и Н. Табаров, «Баҳроми Чўбина»-и Т. Аҳмахонов, «Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ, «Хоҷа сагпараст»-и Ҷ. Қуддус ва ғайраҳоро ороиш додааст. Расмҳо, ороиши саҳнавии Шобутолиб боварибахш, инъикоскунандаи рўҳияи замону макон ва матни пйеса мебошанд.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе: СИЭМТ, 2004. – Ҷ. 3. – С. 371.

Муаллиф А. Раҳмонқулов

Дар бораи ин рассоми соҳибистеъдод дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Шоҳзоданасимов, А. Қадамҳои нахустин: Рассоми ҷавони театри А. Лоҳутӣ Ш. Шобутолибо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 30 март.

Шобутолибов, Ш. Рассом бояд эҷод намояд: Мусоҳибаи А. Гаҷиева бо саррассоми театри академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ Шобутолиб Шобутолибов // Нидои ранҷбар. – 1992. – 13-19 ноябр.

Холмирзо, Р. Мусаввири саҳнаоро: Маълумоти мухтасар оиди фаъолияти Рассоми халқии Тоҷикистон Шобутолиб Шобутолибов // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 15 октябр.

Таҳияи Насиба Дониёрова

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.