Китоби нав. Муқим Воҳид: “Лолае дар пайроҳаи бабр”
Нашр шуд 2020-05-29 12:54
Ишқ чист? Чӣ муаммоест, чӣ сарафканист ба қаъри дунёи дарду алам, ранҷу озорҳо? Ошиқ кист ва дар роҳи мурод ба чӣ ҷонфидоиҳо қодир аст? Ба ин суолҳо хонандаи азиз аз қиссаҳои нави Муқим Воҳид ба андозае бохабар хоҳад гашт.
Муқим Воҳид 9 – уми апрели соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1967 ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд дохил гашта, онро соли 1971 бо тахассуси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Фаъолияти омўзгориро аз моҳи августи соли 1971 дар мактаби миёнаи № 1 шаҳраки Табашар (алҳол Истиқлол) оғоз намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1972 то даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ дар идораи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» чун мусаҳҳеҳ адои вазифа намудааст. Аз ҳамин сол фаъолияти адабии вай оғоз гашта, ҳикояҳояш дар рўзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод», « Ленинабадская правда», « Бо роҳи Ленинӣ», « Маориф ва маданият» ва « Газетаи муалимон» борҳо рўйи чопро дидаанд.
Аз соли 1974 боз ба фаъолияти омўзгорӣ пардохта, минбаъд, дар мактаби миёнаи № 9 – и шаҳри Қайроққум ( Гулистон) ва аз моҳи сентябри соли 1989 дар мактаби миёнаи № 8- шаҳри Хуҷанд касби омўзгориро давом додааст. Дар ин муддат мунтазам ҳикоя, мақола ва очеркояш дар рўзномаю маҷаллаҳо чоп шудаанд. Соли 1991 повести нахустини ў «Оби зулол» аз ҷониби нашриёти « Адиб» чоп шудааст.
Муҳим Воҳид аз соли 1992 то алҳол дар Литсейи физикӣ – математики №1, ба номи академик М. Осимии шаҳри Хуҷанд бо касби омўзгорӣ машғул аст. Ҳамзамон солҳои зиёд ў масъули филиали хуҷандии Академияи хурдии илмҳои Тоҷикистон буд.
Соли 2001 ба гирифтани нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон мушарраф гашт.
Соли 2003 китоби дуюмаш «Ашки ишқ» манзури хонандагон гардид. Соли 2008 аз ҷониби нашриёти «Ношир» маҷмўаи қиссаву ҳикояҳояш «Дунёи бевафо» ва соли 2014 китоби «Ёд макун, ашк марез»( нашриёти «Анис») аз чоп баромад.
Муқим Воҳид соли 2013 барои китоби «Дунёи бевафо» сазовори ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил шудааст.
Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон мебошад.
Китоби “Лолае дар пайроҳаи бабр” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Меҳрангез Муҳаббатова,
Маркази такмили ихтисос