Дар сари роҳҳои нав. Тақризи устод Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои Муаззама
Диққати дигар нависандаи ҷавон – насрнависи навқалам Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қувваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мўйсафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки ба дидани писараш мерафт ва ҳазору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар назари аввал чунин менамояд, ки каҳрамони ин ҳикоя як пири фартут аст ва дар танаш мадоре намондааст. Вале муаллиф фикру андешаҳо ва ҳиссу ҳаяҷони қаҳрамонашро бо тасвирҳои нозуки психологӣ нишон дода, қадам ба қадам моро ба хулосае меорад, ки қувваи дили ин пирамард поён надорад, дили ў бо меҳри фарзанд ва набераҳо дорои қувваи бузурги ҳаётӣ буда, қобили некӣ ва бунёдкорист.Диққати дигар нависандаи ҷавон – насрнависи навқалам Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қувваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мўйсафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки ба дидани писараш мерафт ва ҳазору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар назари аввал чунин менамояд, ки каҳрамони ин ҳикоя як пири фартут аст ва дар танаш мадоре намондааст. Вале муаллиф фикру андешаҳо ва ҳиссу ҳаяҷони қаҳрамонашро бо тасвирҳои нозуки психологӣ нишон дода, қадам ба қадам моро ба хулосае меорад, ки қувваи дили ин пирамард поён надорад, дили ў бо меҳри фарзанд ва набераҳо дорои қувваи бузурги ҳаётӣ буда, қобили некӣ ва бунёдкорист.
Барои дидани чунин протсессҳои иҷтимоии психологӣ ва чунин ҳолату вазъияти инсон дидаи борикбин даркор аст… Аз баъзе асарҳои дигар ҳам нишонаҳои нозукнигоҳӣ дида мешавад. Як намунаи он, ба назарам, ҳикояи Муаззама «Соҳиби аспи сафед» мебошад.
«Соҳиби аспи сафед» ҳикоятест, ки аз оғоз то анҷом бо тасвирҳои нозуки психологӣ бунёд ёфтааст. Қаҳрамони он як духтараки деҳотист, ки ба шаҳр барои хондан омадааст ва ошиқ шудааст. Ишқи ногаҳонӣ дили ҳассоси ўро сахт ба туғён овардааст ва қалами нозукрави нависандаи ҷавон қадам ба қадам андешаҳои пурпечутоби қаҳрамон, тобишҳои ноаёни ҳиссу ҳаяҷони ў, бетоқатӣ ва тапиданҳо, шакку шубҳаҳо, орзуҳои ширин ва ноумедиҳо – ҳама ҳастии он духтараки баландҳиссиётро ба мо як – як нишон медиҳад. Муаллиф бисёр мушоҳидакор буда, падидаҳои аҷиби ҳолати қаҳрамон, дар панҷаи ишқ ба ночориву ноилоҷӣ афтодани ўро дидааст. Нозукии ҳолати психологии қаҳрамон дар ин аст, ки агарчи дар шаҳр зиндагӣ мекунад, дар шаҳр ошиқ шуд ва маъшуқаш ҳам аз шаҳр аст, тамоми ҳастии ин духтар, хусусан орзуву умедҳои ў, ҳар чи ба дили ў тасаллие мебахшад, ба деҳа вобастагӣ дорад. Деҳа ҳамеша дар андешаҳои ў ҳозир аст. Вай медонист, ки рўзе «аз ин шаҳри пурғавғо гурехта деҳа меравад» ва дар оғўши «ҳамон деҳаи майдаҳаки доманакўҳ» ором меёбад. Лекин деҳа ҳам дигар шуда истодааст, бисёре аз он чизҳое, ки аз кўдакӣ ба дили духтарак азиз буданд, кам – кам нест мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ин масъала ҳам нигоҳи нависанда диалектикаи зиндагиро ҷустааст. Аз деҳа баъзе чизҳое, ки аз ҷумлаи асосҳои моддии ҳаёт мебошанд, нест шудаанд, чунончи сафедори пире, ки онро духтар бисёр дўст медошт ва солҳои кўдакӣ аз он «фол мекушод», акнун нест. Духтар дигар наметавонад, ки дар «вартаи номуайянӣ» аз он дарахт ва аз лаклакҳои он фол кушояд. Ҳикоя дар ҳамин ҳолати ноумедии духтар ба охир расидааст.
Вале гумон кардан лозим нест, ки ҳикоя ҳам бо рўҳияи ноумедӣ поён ёфтааст. Диалектикаи зиндагӣ дар ин зоҳир мешавад, ки баъзе нишонаҳои бунёди моддии ҳаёти деҳот (масалан, сафедори пир) нест шуда истода бошад ҳам, асосҳои маънавии он ҳанўз ҳамчунон боқист ва ба дилҳо парвоз мебахшад. Аспи сафеди афсонаи бибикалон, ки ёронро ба ёрон мерасонад, маънои рамзӣ дорад. Қаҳрамони ҳикоя акнун соҳиби ин аспи сафед аст ва мо ўро монанди каҳрамони афсонаҳо шаҳсавори аспи орзуву умедҳои ҷовонӣ мебинем. Аз ин ҷо ин ҳикояи Муаззама гоҳ оҳанги лирикиву романтикӣ мегирад, аммо бунёди он комилан реалист.
Чунон ки дар ин ҳикояи Муаззама мебинем, дар ҳолати бўҳронӣ, дар айни ҳайрониву парешонҳолӣ ба дили қаҳрамон чашм дўхтани нависандагон ҳоло дар ҳикояҳо зуд – зуд ба назар мерасад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки нависандагон инсонро дар ҳолатҳои гуногун санҷидан мехоҳанд. Хуусусан, дар ин мавридҳо фаъолиятмандии мавқеи ҷамъиятии адабиёт аҳамияти калон пайдо мекунад.
Тақризи устоди шодравон Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои нависандаи хушбаён, марҳум Муаззама Аҳмадоваро аз китоби “Афсонаҳои танҳоӣ”, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст, айнан овардем. Ин китобро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Муаззама Аҳмадова 20 феврали соли 1952, дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Баъд аз хатми донишкадаи омўзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар мактаби ҳаштсолаи деҳааш омўзгори фанни ҷуғрофия буд.
Аз соли 1979 дар рўзномаи «Комисомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ҳамчун мухбири ғайриштатӣ фаъолият намуда, аз соли 1981 то охири ҳаёташ (Феврали соли 1988) корманди рўзномаи «Адабиёт ва санъат» буд.
Ҳикояҳояш дар саҳифаҳои рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Машъал», «Фирўза» ба табъ расидаанд. Маҷмўаи нахустинаш «Соҳиби аспи сафед» соли 1986 аз чоп баромадааст.
Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.