Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар толори хониши кӯдакону наврасон
Нашр шуд 2018-01-12 15:20
“Ҳамешабаҳор” ҳамоиши навбатии худро дар толори хониши кӯдакон ва наврасон барои хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ доир намуд.
Шоири маъруф Хайандеш-масъули ин маҳфили ҳамеша ҷолиб дар суханони муқаддамотии худ гуфт, ки “ҳадафи ин нишаст пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон аст. "Ҳамешабаҳор" талош мекунад истеъдодҳоро дар миёни ҳама одамон, ҳар синну сол пайдо ва муаррифӣ кунад“.
Маҳфил ин бор ҳам анъанаи худро нашикаст ва ҳамон 7 бахши асосии худро доир кард. Аз ҷумла, ширкаткунандагон асарҳои ҷолиб аз нигоҳи худро ном бурданд ва онро тавсиф намуданд, аз навиштаҳои худ шеърҳо қироат карданд ва дигарон атрофи ин шеърҳо ибрози назар намуданд.
Латифаҳо гуфтанд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳоро интихоб карданд. Ҳикоёти латиф ҳам шунида шуду атрофаш баҳс сурат гирифт.
Як бахши хеле ҷолибу шавқовари маҳфил байтбарак буд. Хонандагоне, ки шеъри зиёд медонистанд, дар ин бахш фаъолона ширкат карданд.
Аз миёни хонандагон ҳафт нафар дар ҳафт бахш беҳтарин дониста шуданд.
Дар маҳфил ровии радиои Тоҷикистон Лолахон Сатторӣ ва ҳунарманди мардумӣ бобои Файз ҳам ширкат карданд.
Шуъбаи кудакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтааст дар оянда низ маҳфилҳо бо ширкати шахсиятҳои ҳунарӣ ташкил кунад. Ҳадаф аз ин ҷалби бештари наврасон ба мутолиаи китоб ва эҷоди бадеист.