Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик
Нашр шуд 2018-01-19 17:01Интишороти «Контраст»-и пойтахти кишвар китоби тозаэчоди сохибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов ва доктори илмхои таърих, мушовири калони бахши Ердамчии Президенти Точикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик» чоп кард. Ин асари таҳлилӣ аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири точик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиёди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфҳ мунташир гаштааст.
Ҳамаи рўйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тўли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рух намудаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста,