Иллати заъфи ҳофиза чист?

Имрўз аксарияти мо, чӣ хурду чӣ бузург ва чӣ муҳассилу чӣ донишҷў аз ҳофизаи худ шикоят дорем ва ҳатман барои иллати рафъи он дар андешаем. Дар воқеъ, ҳофиза ва ё ба ибораи дигар хотира дар зиндагии ҳар яки мо нақши басо муҳим дорад. Тибқи андешаҳои мутахассисони соҳа ҳофизаи қавӣ доштан аломати саломатии ақл аст.

Ҳангоми мутолиаи асари «Доират-ул-маориф» (1327) чашмам ба мавзўъи «Иллати заъфи ҳофиза» расид, ки муаллиф сабаби фаромўшхотириро  бо чанд навъи дар поён зикргардида далел меорад ва хостам онро айнан ба ҳуруфи тоҷикӣ баргардон намуда, пешкаши хонандагон гардонам. 

Иллати заъфи ҳофиза ба таври куллӣ ба шарҳи зер аст:

  1. Мо фаромўш мекунем, чун ба худ талқин мекунем, ки фаромўш хоҳем кард.
  2. Мо фаромўш мекунем, чун тасмим мегирем, ки фаромўш кунем.
  3. Мо фаромўш мекунем, чун алоқаи кофӣ ба мавзўъ надорем.
  4. Мо фаромўш мекунем, чун тасмими ҷиддӣ надорем, ки фаромўш накунем.
  5. Мо фаромўш мекунем, чун ихтилол (бесаранҷомӣ ва бенавоӣ)-е дар қавои димоғи мо пайдо шудааст ва ин ихтилол ё мумкин аст аз беморӣ бошад ва ё солхурдагӣ.

Дар ин ҷо баҷост ин мавзўъро тазаккур бидиҳем, ки алоқа таваҷҷуҳ эҷод мекунад ва таваҷҷуҳ муҷиб мешавад, ки маърифати саҳеҳ дар бораи мавзўъ ба даст оварем ва маърифати саҳеҳ ҳам муҷиб мешавад, ки мавзўъи ба ҳофиза супурдашуда ба ёди мо бимонад.

  1. Мо фаромўш мекунем, чун дар ҳамон ваҳалаи аввал, маърифати комил нисбат ба мавзўъе, ки  ба хотир супурдаем пайдо накардаем.
  2. Мо қисмати аъзами маълумоти худро фаромўш мекунем, чун онҳоро бо назму тартиб дар мағзи худ ҷой  надода ва ба василаи мутолиаи муҷаддад ва мурур онро аз нав ба ёд намеоварем.
  3. Мо фаромўш мекунем, чун дар байни матолиби ба ҳофиза супурдашуда робитае, ки онҳоро ба ҳам пайванд медиҳад, барқарор накардаем ва аз тадоии маонӣ ғофил мондаем.

Ҳамчунин муаллиф иллати дигари фаромўшхотириро аз сабаби истеъмоли маводҳои сархўшкунанда медонад, ки зикрашон чунин аст: 

  1. Эътиёд (одат кардан) ба баъзе мухадирот, мисли сигор, машруб ва ғайра.
  2. Ташвиқи фикр ва адами тамаркузи қавои димоғӣ.
  3. Талқини ин мавзўъ, ки ҳофизаамон  заъиф аст.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: