Маҳмуд Темур - новелланигори мисрӣ

Маҳмуд Темур дар адабиёти муосири араб, бо вуҷуди густурдагии соҳаи фаъолияти худ бештарин муваффақият ва шуҳратро аз ҳикояи кўтоҳ ё новеллаҳои баландмазмун ва роман ёфта, ба қавли Тоҳо Ҳусайн: «ў дар рушду пешрафти соҳаи ҳикоянависии араб, саҳми босазое дорад. Вақте ки Темур фаъолияти эҷодии худро сар кард, новеллаи арабӣ аввалин қадамҳои ноустувори худро мегузошт. Маҳмуд он навелларо мисли кўдак навозиш мекард ва онро солиму устувор сохт».

Муносибатҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон, сабабгори пайдоиши жанрҳои нави адабӣ низ мегардад, ки намунаи барҷастаи он пайдошавии жанрҳои новелла, ҳикоя, повест ва ғайра, дар адабиёти муосири араб мебошанд. Бо назардошти омўзиши сабабҳои падид омадани чунин жанрҳои адабӣ ва таъсири онҳо дар адабиёти араб, мавриди таҳқиқ қарор додани фаъолияти адабӣ ва осори яке аз саромадони жанри новелла дар адабиёти муосири араб ва бавижа адабиёти муосири Миср - Маҳмуд Темур муҳим ва саривақтӣ мебошад. Мо дар ин мақола мақсад гузоштем, ки фаъолияти адабӣ ва осори адабии Маҳмуд Темурро ба хонанда ва муҳаққиқи тоҷик ба сурати мухтасар ошно созем.  

Жанрҳои новелла, повест ва роман аз тозатарин навъҳои адабие мебошанд, ки дар адабиёти араб таърихи чандон тўлонӣ надошта, балки пайдоиш ва ташаккули онҳо ба даҳаи охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ рост меояд.

Дар адабиёти араб касоне, ки алоқаманди роман ҳастанд, номи яке аз хонаводаҳои машҳури курднасли мисрӣ, хонаводаи Темуриҳоро шунидаанд.

Драматург ва нависандаи бузурги Миср Маҳмуд Темур 16-уми июни соли 1894 дар Қоҳира, пойтахти Миср ба дунё омадааст. Ў бо эҷоди ҳикоя, роман, намоишнома, сафарнома ва пажўҳишҳояш доир ба забону адабиёти араб шуҳрат ёфтааст.

Аҳмад Темурпошо – падари Маҳмуд, дорои таълифоти зиёд дар улуми  таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва амсоли он буд. Ў бо ҳиммат ва ғайрати камназир ба рўнависӣ ва ҷамъоварии мероси арабӣ ва исломӣ аз китобхонаҳои Остона, Порис, Лондон, Берлин ва дигар нуқоти Аврупо машғул буда, баъди маргаш захираи китобхонаи миллии Қоҳираро бо 17 ҳазор китоб ба ёдгор гузошт.

Оишаи Темур (1930), хоҳари Аҳмад Темур тавонист аз ҳамаи маҳдудиятҳое, ки дар он рўзгор бар занони араб таҳмил мешуд, чандон дар арсаи шеъри классикӣ пеш рафт, ки баъзе аз мунаққидони ғарбӣ ўро бо шоираи юнонӣ - Сафо муқоиса кардаанд. Муҳаммад Темурро, ки бародари калонии Маҳмуд Темур буд, яке аз саромадони адабиёти достонӣ ва намоишии Миср, назарияпардози соҳаи ҳикоянависӣ ва аз мунаққидони дақиқназари ҳавзаи намоишноманависии ин кишвар донистаанд .

Маҳмуд Темур аз синни хурдсолӣ раҳнамоён ва ташвиқгарони шоистае дар канори худ дошт. Падари ў пас аз марги ҳамсари ҷавонаш худро ба китоб ва таъсиси китобхона бахшида, фарзандони худро ба ҳифзи «Муаллақа»-и Имр-ул-қайс ва мутолиаи осоре чун «Ҳазору як шаб» ташвиқ мекард.

Аммо заминаҳои мусоид барои рушди фикрӣ, фарҳангию адабии Маҳмуди ҷавон на дар хонаи Аҳмад Темур, балки дар навиштаҳои донишмандоне ба мисли шайх Муҳаммад Абду, Муҳаммад ва Маҳмуди Шанқитӣ, Маҳмуд Сомӣ ал-Борудӣ, Муҳаммад Рашид Ризо ва осори ховаршиносон аз қабили И.Ю. Крачковский қарор дошт.

Аҳмад Темур фарзанди худ Муҳамммадро тобистон ба заминҳои зироатии худ ба русто мебурд, то дар миёни кишоварзон унс гирифта, фарҳанги он ҷойро бишиносад ва одоби фурутанӣ биомўзад. Маҳмуд бархе аз шахсиятҳои ҳикояҳои ояндаи худ ба монанди «Шайх Ҷумъа»-ро дар ҳамин муҳит ёфтааст.

Маҳмуд Темур, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи олии Кишоварзӣ дохил шуд, аммо дар синни 20-солагӣ ба бемории сурхча (ҳасба) гирифтор шуда, муддати се моҳ ночор дар хона монд ва баъд аз беҳбудии саломатӣ, ҳам ба сабаби хастагии ҷисмонӣ натавонист таҳсилоти худро ба поён расонад. Онгоҳ барои ҷуброни нокомӣ дар таҳсил ба мутолиаи назм дар заминаи адабиёт оғоз кард.

Ў то ин замон осори  романтикии Мустафо Лутфӣ ал-Манфалутӣ, асари Ҷуброн Халил Ҷуброн «Ал-Аҷниҳату–л-мутакассира» («Болҳои шикаста») ва ашъори орифонаву хайёлангези арабӣ ва ғарбии муосирро хонда буд ва таҳти таъсири ин осор ба сурудани шеъри мансур пардохт.

Дар соли 1914 бародараш Муҳаммад, пас аз се соли иқомат дар Париж ба меҳан бозгашт. Сафари ў барои Маҳмуд шинохти ҷадиде дар усул ва равишҳои санъати адабиёти достонӣ ва намоишӣ буд. Ў бо ақидаҳои инқилобӣ ва демократие, ки бо шеваҳои афкору одоти суннатии адабиёти арабӣ мухолиф буд, танҳо ду асари реалистиро боарзиш донист ва бародарро ба хондани онҳо ташвиқ кард, ки яке «Ҳадиси Исо ибни Ҳишом», осори Муҳаммад Мувайлиҳӣ ва дигаре «Зайнаб» таълифи Муҳаммад Ҳусейни Ҳайкал буд. Ин мубаллиғи пуршўри реализм Маҳмудро бо нависандаи воқеъгароии фаронсавӣ Ги де Мопасcан ва А.П. Чехов бунёдгузори мактаби айниятгароӣ муаррифӣ кард. Баъди ин Муҳаммад бо вуҷуди ошноии комил бо адабиёти араб ва муаррифии он ба Маҳмуд, тақлиди кўркурона аз ғарбиёнро намеписандид ва кўшиш бар ин дошт, ки бо навсозӣ ва мардумӣ кардани адабиёту театри Миср, воқеиятҳои зиндагии мардуми ин кишварро ба қалам кашад. Ў бо ҳамин ҳадаф маҷмўаи ҳикояи «Мо тароҳу-л-ъайн» («Он чиро чашм мебинад»)-ро бо сабки воқеъгароёна ва ба гуфтаи И.Ю.Крачковский бо ранг ва бўйи арабӣ – мисрӣ дар соли 1917 мунташир кард. Маҳмуд Темур ҳам аз соли 1916 то соли 1919 машғўли эҷоди осоре бо  сабки романтикӣ ва чопи он дар маҷалаи «ас-Суфур» буд.

Дар солҳои 20-ум дар адабиёти Миср мактаби муосири дурандешонаи жанри новелла пайдо гардид. Намояндагони ин мактаб асосан ҷавононе буданд, ки дар Фаронса ва Англия маълумот гирифта, бо асарҳои нависандаҳои аврупои ғарбӣ ва рус бисёр хуб ошно буданд ва бо шавқу ҳаваси зиёд ва моҳирона адабиёти хориҷаро азбар мекарданд. Вале онҳо дар эҷодиёти худ кўшиш карданд, ки анъанаи адабиёти классикии арабро истифодаи бештар баранд.

Дар ин солҳо Маҳмуд Темур дар байни ҳикоянависони ҷавони мисрӣ, эътибори зиёд пайдо карда буд. Махсусан, ў яке аз маҷмўаҳои ҳикояи худро «Мо тароҳу-л-ъайн» («Он чиро чашм мебинад»)   ном  гузошта буд, ки намунаи чунин ҳикояҳо ҳисоб мегардид.

Ў дар эҷодиёти худ инъикосгари «ҳаёти мисрӣ ва рўҳи мисрӣ, инчунин эҷод намудани адабиёти аслии мисрӣ» мебошад, ки қаҳрамонҳои онҳо бояд мисриён бо тамоми хусусиятҳои миллии худ бошанд. Ин ҳикоя барои ташаккули симои нависандагии Маҳмуд Темур таъсири амиқ расонид, зеро ў худро идомабахши кори бародари калонии худ мешуморид, ки хеле барвақт фавтида буд.

Маҳмуд Темур аз хурдсолӣ ба адабиёти Ғарб шинос шуда, дар давраи ибтидоии эҷодиёти худ таҳти таъсири Ге ду Мопассан қарор дошт.  Ҳамчунин мо дар асарҳои ў беш аз пеш таъсири А.П. Чеховро эҳсос менамоем. Аз гуфтаҳои боло маълум аст, ки таъсири адабиёти рус ба эҷодиёти нависанда хело қавӣ буда, дар мақолае, ки дар маҷаллаи «Шарқи муосир» чоп шуда буд, мегўяд: «Ҳангоме ки  ман бо адабиёти ҷаҳонӣ  шиносоӣ пайдо кардам ва барои хондан асарҳои беҳтарашро интихоб кардам, аз ҳамон лаҳза бо Чехови бузург шинос шудам. Ман ҳикояҳои ўро дўст доштам, ки бароям, сарчашмаи дониш ва илҳом гардиданд. Баъдҳо ман бо ҳамаи адабиёти Ғарб ошноӣ пайдо кардам, вале ба мисли пешина бо муҳаббати худ, нисбат ба ин ҳикоянависи нобиға содиқ мондам, ки бо туфайли ў, ман ҳамчунин нависандагони дигари бузурги русро ба монанди Л.Н. Толстой, И.С. Тургенев, Ф.М. Достоевский, М. Горкий ва дигаронро дўст доштам. То имрўз ман ба адабиёти рус тавҷҷўҳи зиёд дорам. Барои А.П. Чехов бошад, дар байни устодони ҳикоя ё худ новелла ҷойи махсусро ҷудо мекунам… Ман бо тамоми қалби худ эҳсос мекунам, ки кадом риштаҳои рўҳӣ, маро бо адабиёт ва санъати рус мепайвандад. Дар бораи сабаби ин дуру дароз андеша ронда,ман сирри инро фаҳмидам, ки байни ҷону рўҳи адабиёти рус ва Шарқ умумиятҳои зиёде ҳаст, ҳатто гуфтан метавонам, ки онҳо ба мисли дугоникҳо бо ҳам монанданд, зеро дар байни онҳо дар воситаҳои ифода, дар эҳсосот ва дар кайфиятҳо шабоҳати зиёде аст...».

Дар аввали солҳои 20-ум, вақте аввалин ҳикояҳои Маҳмуд Темур аз чоп баромаданд, дар адабиёти Миср жанри очерк бартарӣ дошт. Ҳикояҳои Муҳаммад Темур ва бародарон Убайд ва Лашин бисёртар дар жанри очерк буданд. Дар онҳо таҳлили равонии амиқ дида намешуд, андешаҳо гоҳ-гоҳ дар ақибнишинии жанри публисистика ифода мешуданд. Оммаи хонандагон, ҳанўз барои қабули хусусиятҳои адабиёти бадеии жанри нав ва хондани новеллаҳо ё худ ҳикояҳои кўтоҳ тайёр набуданд, худи новеллаҳо «чизе ба мисли латифа» шуморида мешуд. Аз ин сабаб, Маҳмуд Темур дар муқаддимаи маҷмўаҳои ҳикояҳои аввалини худ, ба хонанда фаҳмондан мехост, ки ҳикоя на фақат барои дилхушӣ эҷод карда мешавад, саъю кўшиши зиёде менамуд, гарчанде ҷузъи дилхушӣ бояд дар ҳар як ҳикоя мавҷуд бошад.

Ҳанўз дар давраи аввали эҷодиёташ Маҳмуд Темур адибонро ба тасвири ҳаёти ҳақиқӣ даъват карда буд. Вай чунин ақида дошт, ки «чӣ қадар ҳикоя ба ҳаёт наздикӣ дошта бошад, ҳамон қадар нуфўз ва таъсири он пурқувватар мешавад. Хаёлот наметавонад ба одам он қадар, ки воқеаҳои ҳаррўзаи ҳаёт таъсир мерасонанд, таъсир гузорад. Барои ҳамин новелланавис бояд сарчашмаи осори худ, ҳамаи хубию бадӣ, ширинию талхӣ ва одилию золимиро фаҳмида гирад... Вай бояд аз ин сарчашма чизҳоеро гирад ва манзараи ҳаётеро созад, ки хонандагон дар он худро бинанд ва маъниҳои ниҳонии воқеаҳоро фаҳманд».

Нависандаи боистеъдод Маҳмуд Темур дар сини 74 солагӣ, соли 1973 дар Шветсария вафот намудааст. 

Хулоса, Маҳмуд Темур дар адабиёти муосири араб, бо вуҷуди густурдагии соҳаи фаъолияти худ бештарин муваффақият ва шуҳратро аз ҳикояи кўтоҳ ё новеллаҳои баландмазмун ва роман ёфта, ба қавли Тоҳо Ҳусайн: «ў дар рушду пешрафти соҳаи ҳикоянависии араб, саҳми босазое дорад. Вақте ки Темур фаъолияти эҷодии худро сар кард, новеллаи арабӣ аввалин қадамҳои ноустувори худро мегузошт. Маҳмуд он навелларо мисли кўдак навозиш мекард ва онро солиму устувор сохт».

Маҳмуд Темур чун рўзноманигор низ машҳур буда, мақолаҳои бисёре дар мавзўъҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ навишта, дар рўзномаву маҷаллаҳо пай дар пай чоп менамуд. Осори ў бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, олмонӣ, итолиёӣ, ибрӣ, қафқозӣ, хитоӣ, рўсӣ ва тоҷикӣ тарҷума гардида, дастраси хонандагон гардидаанд.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: