Соли панҷум аст, ки шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба забони тоҷикӣ «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, пешкаши хонандагон мегардонад. Дар қисми аввали тақвим ахбору воқеаҳои соли 2018 ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба санаҳои мавлуди арбобони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмию фарҳангӣ фароҳам омадааст. Зимнан дар қисмати аввали ахбору воқеаҳои соли 2018 намояндагони сиёсию давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, генералҳо (ҳамаи навъҳои низомию маъмурӣ ва адлия) аз Тоҷикистон, ҳамчунин олимон (академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон, докторҳои илм, профессорон, номзадҳои илму дотсентон (бо унвони забоншинос, адабиётшинос, муаррих, файласуф ё олими соҳа муаррифӣ мешаванд), адибону журналистони