Абулҳусайни Тавфиқ соли 1297 (1918) дар шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида ба ҷаҳон кушод. Соли 1329 ба Кобул омада, ба доираи адабии он пайваст. Бинобар он ки ашъори ватандўстонаву зидди истибдод мегуфт, соли 1330 дар шумори рўшанфикрони зиёде ба зиндон афтод. Баъдан дар бахши бойгониву нашароти миллӣ кор кард.
Ду мисраъ аз як шеъри дилнишини Гулчеҳра Сулаймониро шояд бисёриҳо то кунун медонанд:
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Ва чун аз аз ин олам рахти сафар баст, баъзе нашрияҳо навиштанд: Бибиҷон дигар намеояд.
Ҷӯра Ҳошимӣ аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи Тоҷикистон аст. Адибе, ки ҳамвора талош кардааст барои кӯдакон шеърҳояшро дар ҳамкорӣ бо оҳангсозони маъруф ба оҳанг дароварад.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:
Марҳум Додоҷон Раҷабӣ яке аз рӯзноманигорон ва адибони пуркори тоҷик буд. Баъди солҳо кори рӯзноманигорӣ кардан, бо чопи чандин ҳикояву повест, пурра ба навсандагӣ гузашт ва имрӯз аз ӯ бештар аз 10 китоби хуби хонданӣ ба мерос дорем.
Додоҷон Раҷабӣ 12 январи соли 1938 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омўзгории Хуҷандро хатм