Қуръони «тиллоӣ» чӣ гуна ба Китобхонаи миллӣ роҳ ёфт?

Зеботарин нусхаи китоби муқаддасти Қуръон, ки китобати онро ба асри XVI мансуб медонанд ва ду сафҳаи аввалу ду сафҳаи охири он бо пуррагӣ бо оби тилло ороиш ва гулкорӣ шудааст, таърихи аҷиби вуруд ба бойгонии Китобхонаи миллӣ дорад.
Шояд хонандаи гиромӣ аз хондани унвони моқола дар тааҷҷуб афтад, аммо баъди мӯҳтавои мутолиа аз ҳақиқати он хоҳад фаҳмид.
Имрӯз дар ганҷинаи шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 15 адад нусхаи хаттии Қуръони Карим ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз лиҳози таърих, хат ва коғазу ороишҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Ҷолиби диққат он аст, ки яке аз онҳо бо оби тилло ороиш ёфта, дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи мазкур ба намоиш гузошта шудааст.
Нусхаи қаламии Қуръони Карим бо хатти зебо ва хонои сулс нусхабардорӣ шуда, мутаасифона, сана ва ҷойи китобат зикр нашудааст, аммо аз навъи хат ва авроқ онро ба асри XVI нисбат додан мумкин аст.  Ин китоби муқаддас аз 570 саҳифа иборат буда, ду сафҳаи аввал ва ду сафҳаи охири он бо пуррагӣ бо оби тилло ороиш ва гулкорӣ шудааст, ки нақош аз нуҳ намуди рангҳои гуногун ҳам истифода намудааст ва инчунин лавҳаи унвони ҳар як сура бо оби тилло ва рангҳои махсус наққошӣ шуда, маккӣ ва маданӣ будани онҳо низ зикр шудааст. Дар ҳар як авроқи он ду ҷадвал бо оби тилло ва рангҳои гуногун хаткашӣ шуда, дар ҷадвали аввал сураҳо ва дар ҷадвали дуввум оятҳо ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума гардидаанд.
Ин Қуръони карим дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 213 ба қайд гирифта шудааст.

ТАЪРИХИ ХАРИДОРӢ ШУДАНИ ИН НУСХАИ «ТИЛЛОӢ»

Соли 1956 собиқ мудири шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон устоди шодравон ва зиндаёд Абдуллоҷон Юнусов барои ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва осори ниёгонамон ба Вилояти Суғд сафари хидматӣ намудааст. Чанд рӯзе дар Суғд нусхаҳои қаламиро ҷустуҷӯ карда, аз он ҷо ба ноҳияи Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кардааст. Устод Юнусов баъди бозгашт аз сафар таърихи харидории Қуръони мазкурро ба ҳамкасбонаш қисса кардааст, ки банда аз нақли онҳо ин қиссаро рӯи қоғаз овардаам.
Устод Юнусов дар Фарғона бо яке аз сокинони ин русто вохӯрда, ӯ устодро барои меҳмонӣ ба манзилаш даъват кардааст. Устод Юнусов даъвати эшонро пазируфта, меҳмони хонадони ӯ гардидааст. Баъд аз зиёфати нисфирӯзӣ бародари фарғонагӣ иброз доштааст, ки як адад нусхаи хаттии Қуръони карим аз бобокалонамон аз насл ба насл ба мо ёдгор мондааст, ки бо хатти зебои хоное китобат шуда, бо забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума гардидааст. Инчунин бо оби тилло ҷадвалкашӣ шуда, нақшу нигор ёфтааст. Имрӯз вазъияти бади зиндагӣ маҷбурам намудааст, ки ин китоби муқаддасро бар ивази маблағе иваз намуда, дар рӯзгорам сарф кунам.
Устод Абдуллоҷон Юнусов ин суханро шунида, аз эшон хоҳиш менамояд, ки ҳарчи зудтар китобро наздаш биёрад. Бародари фарғонагӣ писарашро амр намуд, то китобро назди устод биёрад. Устод Юнусов гуфааст, чун эшон китобро ба наздам овард, дар диди аввал ошиқ ва шефтаи вижагиҳои хатти зебо, ки бо хомаи рангини хушхат ва ороишу наққошиҳое, ки бо як маҳорати баланд аз ҷониби наққоши моҳире наққошӣ шуда буд, шудам. Ба худ гуфтам, агар ин китобро чӣ қадар қиммате гӯяд, ҳатман харидорӣ хоҳам кард. Хулосаи калом, Қуръони каримро харидорӣ намуда, шодикунон аз манзили ӯ бадар шудам.

Устод Юнусоф лабханд зада, суханашро бо нармӣ идома дода мегуфт:

- Аз байн ҳафт-ҳашт моҳ гузашт. Рӯзе дар утоқи корӣ нишаста, машғули коре будам. Дар тақ – тақ шуда, марде иҷозаи вуруд пурсид. Ман ҳам аз ҷойи худ бархоста, ӯро истиқбол намудам, ки чеҳрааш хеле гарм ба чашм мерасид. Вақте, ки бо ҳам салом карда, аҳволпурсӣ кардем, ӯро шинохтам, ки рӯзе меҳмони манзилаш будам. Ман аз дидори ӯ бисёр шоду масрур шудам, аммо ӯ бисёр ғамгин намоён буд, мисле ки чӣ нохуше ба вуқӯъ омада бошад.

- Хӯш омадӣ, хӯш омадӣ! Кадом шамолҳо шуморо ба ин ҷо овард гуфта, аз ӯ пурсон шудам.

- Устоди азиз, роҳи дарозро саргардон шуда, бо як мушкилӣ назди шумо омадаам ва умедворам, ки хоҳиши маро рад накунед, - гуфт бародари фарғонагӣ.

Устод Юнусов марди саховатманду кӯмакрасон, ки буд, гуфт:

- Ин мушкилӣ чӣ будааст, кани гӯед? Кори аз дастам меомадагиро ҳатман иҷро хоҳам кард.

Устод бо чашми ҳайратангез ба ӯ нигариста, интизори гуфтаҳояш буд. Бародари фарғонагӣ бо чеҳраи парешон, лаб боз карда, гуфт: Имрӯз шароити зиндагиамон беҳтар шудааст ва бо амри муйсафеди падарам роҳи дарозро тай карда, омадаам, то ҳамон Қуръони каримро, ки аз бобокалонамон мерос монда буд, ба маротиб қиммати гирифтаамро пардохт намуда, китобамро баргардонед. Устод дар ҷавоби эшон гуфтанд: Бародар ин Қуръони кариме, ки аз шумо харидорӣ намудам, моли давлат ҳисобида мешавад ва мутаасифона баъди ба рӯйхатгирӣ дар дафтари инвенитарӣ ва ворид шудан ба фонди Китобхона, ҳуқуқи бозпас гардонидани ин китобро надорам. Бародарӣ фарғонагӣ ҳангоме, ки ин суханро шунид, аз ман хоҳиш ва илтиҷо намуд, ки бо ҳар роҳу воситае ки бошад, китобро ба ӯ баргардонам. Ман дубора ҷавоби рад гуфтам ва ӯ аз ҷояш хеста гуфт: Ман ба Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон меравам, мактуб мекунам, илтиҷо мекунам, зориву тавалло карда, ҳатман ин китоби муқаддасро бозпас мегирам.
Фардо субҳ бародари фарғонагӣ ба вазорати мазкур рафта, қиссаро як ба як баён  менамояд, вале аз ҷониби онҳо ҳам тибқи қонун ҷавоби рад мешунавад ва ҳамин гуна ноумед шуда, ба зодгоҳаш бармегардад.
Ин буд чанд сухан аз таърихи ба даст омадани нусхаи муътабари хаттии Қуръони Карими номбаршуда, ки шояд дар ҷаҳон яке аз нодиртарин ва ягона нусхаи хаттӣ бо чунин шакл ба ҳисоб равад.
Бояд зикр намуд, ки ин нусхаи муътабар гар дар дасти он бародари фарғонагӣ то ба имрӯз нигоҳдорӣ мешуд, шояд умраш боқӣ набуд, зеро нусхаҳои хаттӣ нигоҳдории махсусро талаб мекунанд ва имрӯз ин нусхаи Қуръони карим ва дигар нусхаҳои хаттӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои стандартӣ нигоҳдорӣ ва ҳифз мешаванд. 

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ
Сардори шуъбаи дастхатҳ
ои
Шарқ
ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: