Ёд ор зи шамъи мурда, ёд ор!

Луғатномаи Деҳхудо» муштамил бар 50 ҷилд буда, 340,000 калимаро фаро мегирад. Ва он натиҷаи заҳамоти 40-солаи Деҳхудо мебошад. Луғатномаи Деҳхудо фақат як вожаномаи содда нест, балки онро метавон як донишномаи арзишманд ҳам номид, зеро дар он маониву тафосир ва таърихчаи ҳар як луғат ва ё ибора ба форсӣ ва арабӣ низ ёфт мешавад. 

Шодравон Алиакбари Деҳхудо яке аз олимон ва мутафаккирони бузурги Шарқ буда, соли 1879 дар Теҳрон ба дунё  омадааст. Падари ў марҳум Бобохон аз мардумони миёнаҳоли Қазвин буд, ки пеш аз таваллуди Алиакбар ба шаҳри Теҳрон омада, иқомат гузид. Деҳхудо забони арабӣ ва маорифи исломиро дар маҳзари ду тан аз устодони вақт, Шайх Ғуломҳусайн Баруҷардӣ ва ҳоҷӣ Шайх Ҳодии Наҷмободӣ омўхт ва пас аз ифтитоҳи мадрасаи сиёсии Теҳрон дар он мадраса ба таҳсил пардохт ва забони фаронса ва соири улуму фунунеро, ки дар он мадраса тадрис мешуд, фаро гирифт.

Деҳхудо ду сол дар Аврупо ва бештар дар Вена пойтахти Австрия иқомат дошт ва дар он ҷо забони фаронсавӣ ва донишҳои ҷадидро такмил кард. Бозгашти Деҳхудо ба Эрон ҳамзамон бо оғози наҳзати машрутият дар соли 1904-1905  рост омад.

Дар ин ҳангом кишвари Эрон  рўзгори дигаргуна дошт ва рўзҳои фаромўшнашуданиро пушти сар мегузошт. Ҷунбиши машрутахоҳӣ кам-кам авҷ  мегарифт ва онҳо, ки дили равшану андешаҳои заррин доштан чӣ эронӣ ва чӣ бегона ба ин ҷунбиш кумак мекарданд.

Зиндагии Деҳхудо аз ин пас бо зиндагии мардуми Эрон ва  инқилоби машрутият гиреҳ хурд.

Ў баъд аз андаке фаъолият дар дастгоҳи  Аминуззарб, онро раҳо карда бо бадали 40 тумон моҳона ба кори рўзноманигорӣ дар рўзномаи «Сури Исрофил»  пардохт.  

Деҳхудо дар ҳар шумораи рўзномаи «Сури Исрофил» мақолаҳои кўтоҳе бо номи «Чаранду паранд» менавишт, ки дар интиқод аз вазъи ҳокиму мубориза бо золимон ва хурофот буд.  

Саранҷом дар кудтои (инқилоб)-и 1326 ҳ  (1908) рўзномаи «Сури Исрофил» таътил шуд. Дар рўзи тахриби маҷлис, Деҳхудо дар оғоз бо Мирзо Ҷаҳонгирхон ва дигарон дар маҷлиси шурои миллӣ муҳтассин буд, вале як шаб пеш аз кушта шудани Мирзо Ҷаҳонгирхон ба ҳамроҳи Сайид Ҳасан Тақизода аз таҳассунгоҳ берун рафт ва шабро дар хонаи ў ба сар бурд ва чун рўз баромад ва маҷлис ба туп баста шуд, ў ва дигарон аз хонаи Тақизода ба хонаи Мирзоалихон руҳоние, ки дар ҳамон наздикии хонаи Тақизода буд, паноҳ бурданд ва шабонгоҳ бо ранҷи бисёр худро ба сафоратхонаи инглис расонданд ва дар онҷо паноҳанда шуданд ва пас аз 25 рўз аз Эрон ба хориҷ табъид шуданд.

Деҳхудо аз роҳи Боку раҳсипори Аврупо шуд ва сар аз Париж ва Суис даровард.

Деҳхудо дар Париж бо марҳум Аллома Муҳаммади Қазвинӣ ҳамнишин буд. Онгоҳ ба Суис рафт ва дар Иёрдания низ се шумора аз «Сури Исрофил»-ро мунташир кард; албатта бо кумаки молии Маъозидуссалтана Пирниё ва ёварии Аллома Қазвинӣ.  Моҳи январи 1901 мелоди нахустин шумора аз рўзномаи «Сури Исрофил»-давраи дуюмро дар шаҳри Иёрдания фароҳам кард ва дар Париж ба чоп расонид бо ҳамон шева, ки дар Эрон дошт ва ин кор то се шумора дунбол шуд ва дигар идома наёфт.

Пас аз рўзномаи «Сури Исрофил» сардабирии рўзномаи озодихоҳ «Руҳулқудс», ки бо мудирияти Султони уламои Хуросонӣ дар Аврупо дармеомад ба Деҳҳудо вогузор шуд, вале ҳамкории Деҳхудо бо ин рўзнома  дере  напоид ва аз яке ду шумора беш нагузашт.

Деҳхудо аз Суис раҳсипори Туркия шуд ва дар Истанбул бо эрониёни дигар рўзномаи ҳафтагии дигаре бо номи «Суруш»-ро ба роҳ андохт ва соли 1909 нахустин шумораи рўзномаи «Суруш» баромад ва ҳамчунин то чаҳордаҳ шумора аз он берун дода шуд дар рўзномаи «Суруш» низ навиштаҳои зиёде аз Деҳхудо чоп шуд ва бо ҳамон шеваи собиқ дар рўзномаҳои «Сури Исрофил» ва «Руҳулқудс».

Бо оғози ҷанги ҷаҳонии аввал қушуни Русия аз Қазвин ба тарафи Теҳрон ҳаракат кард ва то Караҷ пеш омад. Миллиён эронӣ аз тарси қушуни Русия ба Қум муҳоҷират карданд ва чун ҳама ҷо қушуни Русияро дар таъқиби худ медиданд аз Қум ба Исфаҳон ва аз онҷо ба Кирмоншоҳ рафтанд ва аз онҳо низ гуруҳе ба хориҷ аз Эрон ва ҷамъе  ба Или Бахтиёрӣ паноҳ бурданд. Деҳхудо ҷузъи гуруҳи ахир буд, ки то поёни ҷанг дар рустои «Деҳкалона» дар ҷаҳор маҳалли Бахтиёрӣ ба сар бурд.

Ҳам дар ин рўзгор буд, ки ба ҳангоми баррасии фарҳанги фаронсавии «Лорус» ба андешаи гирдовардани вожаҳо ва зарбулмасалҳои забони форсӣ ва ахбору аҳодиси динӣ ва монанди инҳо афтод ва нахустин гоми офариниши ду ёдгори бузург ва мондании ў «Луғатномаи деҳхудо» ва «Амсолу ҳикам» дар ҳамин ҳангом бардошта шуд.  

Пас аз поёни ҷанг, Деҳхудо ба Теҳрон бозгашт ва аз корҳои сиёсӣ канора гирифт ва ба корҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ пардохт. Дар ҳамин рўзгорон буд, ки Деҳхудо якчанд вақт «Раиси кобинаи вазорати маориф» ва чанде «Раиси идораи тафтиши вазорати маориф» шуд ва наздики ҳабдаҳ сол раиси Мадрасаи улуми сиёсӣ (ки баъд Мадрасаи олии ҳуқуқ ва улуми сиёсиву иқтисод ном гирифт) буд.

Кори барҷаста ва инсонии бузурги Деҳхудо таъсиси ҷамъияти мубориза бо бесаводи дар соли 1325 ҳ баробар 1907-1908 буд.

Аз дигар кушишҳои Деҳхудо дар солҳои пас аз ҷанги аввал, чопи дубораи навиштаҳои гузаштааш дар рўзномаи «Сури Исрофил»  ва «Руҳулқудс» буд, ки ин корҳо дар рўзномаҳо ва маҷаллоти «Шафақи сурх», «Мусовот», «Меҳр»,  «Яғмо» ва «Баҳор»  анҷом гирифт. Дар канори ин кушишҳои адабӣ бояд аз тарҷума ва виростории чанд китоб ва девон аз нависандагон ва гўяндагони бегона ва Эронӣ ном бурд.

   Деҳхудо пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм аз корҳои девонӣ ба канор рафт ва мондаи зиндагияшро ба кори луғатнома супурд.

               Пас аз кудтои (инқилоб) шоҳ ва шикасти доктор Мусаддиқ, Деҳхудо ба гуноҳи ҳамон раёсати шурои салтанат ва ҳамкорӣ бо ҷабҳаи миллӣ бо хашму бемеҳрии дастгоҳи ҳоким рў ба рў ва яксара хонанишин гардид, то онҷо, ки бар сари роҳи чопи фарҳанги вай низ сангандозиҳои фаровон шуд.

            Ва аз ин пас то поёни умри гаронбаҳои худ  ба мутолиъа ва таҳқиқу таҳрири таълифоту мусаннифоти арҷманди худ иштиғол дошт

Бо ин, ки Деҳхудо адиби пурталош будааст, ки дар аксари риштаҳои адабӣ аз насру назм ва таҳқиқ фаъол буда, аммо ҷанбаҳои адабии зиндагии ў, ағлаб дар зери сояи шуҳрати луғатнома, камранг ва ё  бе ранг шудаанд ва камтар касе  бо шеъри ў ва Деҳхудо ба унвони як шоир ошност.

               Доктор Муин дар муқаддимаи «Девон»-и Деҳхудо ашъори ўро чунин тақсимбандӣ мекунад:

   «Нахуст ашъоре, ки ба сабки муқаддимон суруда. Баъзе аз ин навъ дорои чунон ҷазолат ва истеҳкомест, ки ташхиси онҳо аз гуфтаҳои шуарои қадим душвор менамояд».

   «Дувум ашоъре, ки дар онҳо таҷаддуди адабӣ ба кор рафта аст ва шояд мусаммати «Эй мурғи саҳар…»-и  ўро битавон нахустин намунаи шеъри нав ба шумор овард. Саввум, ашоъри факкоҳӣ, ки тааммудан ба забони омиёна пардохта аст».

   «Ашоъри навъи сеюми ў, ки дақиқан намунае аз ашоъри матбуотии Эрон ва ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мавридашон гуфта шуд, чандон арзиши адабӣ надорад; вале таъсири фаровоне дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии мардуми Эрон доштаанд».

    

Осор ва таълифоти дигари Аллома Деҳхудо ба шакли зеранд:       

  1. «Луғатномаи Деҳхудо» муштамил бар 50 ҷилд буда, 340,000 калимаро фаро мегирад. Ва он натиҷаи заҳамоти 40-солаи Деҳхудо мебошад. Луғатномаи Деҳхудо фақат як вожаномаи содда нест, балки онро метавон як донишномаи арзишманд ҳам номид, зеро дар он маониву тафосир ва таърихчаи ҳар як луғат ва ё ибора ба форсӣ ва арабӣ низ ёфт мешавад. 
  2. «Амсолу ҳикам», ки дар чаҳор ҷилди комил ба чоп расида аст.
  3. Тарҷумаи ду китоби маъруфи Минтсков ба номҳои «Руҳулқавонин» ва «Азамату инҳитоти румиён», ки дар ҷавонии Деҳхудо тарҷума шудаанд.
  4. «Фарҳанги фаронсавӣ ба форсӣ»
  5. Шарҳе пиромуни зиндагии Абурайҳон муқорин бо ҳазораи таваллуди Абурайҳони Берунӣ, ки дар «Луғатнома» зайли номи Абурайҳони Берунӣ омада аст.
  6. Тасҳеҳи давовини шеъри шоирони қадим ба шарҳи зайл:

Таълиқот бар девони Носири Хусрав, девони Сайид Ҳасани Ғазнавӣ,Ҳофиз, Манучеҳрӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Масъуди Саъд, Сузании Самарқандӣ, Луғати фурси Асадӣ,  Сиҳоҳул-фурс, девони Ибни Ямин ва Юсуфу Зулайхои мансуб ба Фирдавсӣ.

Аз осори Алиакбари Деҳхудо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон матолиби зерро метавон мутолиа кард:

  1. Луғатномаи Деҳхудо. Муштамил бар панҷоҳ ҷилд. Зери назари Муҳаммад Муин. Теҳрон-1337ҳ.
  2.  Амсол ва ҳикам. Иборат аз чаҳор ҷилд. Теҳрон-1352ҳ.
  3. Мақолоти Деҳхудо. Ба кўшиши доктор Саид Муҳаммад Дабирсиёқӣ. Теҳрон-1387ҳ.

 Фишурдае аз  китоби «Аз Баҳор то Шаҳриёр»

Таҳияи Ҳадиятуллоҳи Амриддин
корманди шуъбаи дастхатҳои Шарқ 

ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: