«Шуълаи инқилоб» - низ нахустин рўзнома-маҷаллаи нашрияи даврии тоҷик аст, ки ҳамагӣ дар теъдоди 8 саҳифа, ҳафтае як маротиба, ҷамъулҷамъ 91 шумора рўи чопро дидааст. Ин ҳафтанома ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳам адабӣ ба ҳисоб мерафт. Ношираш ҲК Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Самарқанд буд. Нашрия аз 10-уми апрели соли 1919 то 8-уми декабири соли 1921 чоп шудааст.
Муҳаррири ин нашрияи ҳафтавӣ ва хаттоташ, фидоии миллат Саидризо Ализода мебошад. Ў публитсист ва мутарҷими онвақта ба ҳисоб мерафт баъди хатми макбаи усули ҷадидя дар худи ҳамон ҷо омўзгорӣ кардааст. Қабл аз инқилоб дар матбааҳои Самарқанд ҳуруфчинӣ мекард ва дар он ҷо ба таълимоти ҳизбӣ шинос мешуд. Дар корпартоиҳои коргарони он шаҳри бостонӣ, яъне солҳои 1905 -1907 фаолона иштирок намуда, маводи рўзномаи «Искра» ва моҳияти таълимоти ҳизбиёнро ба мардум мефаҳмонд.
Як қисми муҳими маводи рўзномаи мазкурро худаш менавишт ва дар нашрияҳои даврии онвақта бо имзоҳои «Нештар», «Чарандгўй», «Мулло Ҷунбул», «Занбўр», «Муртад» ва ғ. ҳикояву мақолаҳои ҳаҷвӣ ба табъ расондааст. Барои омўзгорон ва толибилмони макотиби тоҷикӣ бисёр дастуру китобҳо, инчунин тарҷумаҳо таҳия кардааст. Аввалин алифбои тоҷикии он замон – «Китоби нахустин» (1920) ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926) ба қалами ин шахс тааллуқ доранд.
Саидризо Ализода аз аввалин тарҷумонҳои осори бадеӣ буда, асарҳои зиёдеро ба забон тоҷикӣ гардонидааст. Ин асарҳо аз ҷумлаи «Дубровский» (1935). «Духтари капитан» 1936, «Моткаи қарамашоқ» (1837), «Ҳикояҳои Белкин» (1938)- таълифоти А.С. Пушкин, «Семент”-и Ф. Гладков (1936), «Пўлод чӣ тавр обутоб ёфтааст»-и Н. Островский. «Каждум аз меҳроб»- и А. Қодирӣ (1938) ва ғ. мебошанд.
Нашрияи «Шуълаи инқилоб» ба таври чопи сангӣ ба табъ расидааст. Хотиррасон менамоем, ки ин маҷаллаи бонуфузи тоҷикӣ моро ба баъзе нутқу мақолаҳои пешвоён, ҳуҷҷатҳои собиқ ҳукумати шўравӣ аз наздик шиносо менамояд.
Мубориза барои мустаҳкам ва пойдор гардидани давлат, муқобилият бар зидди душманони синфӣ ва босмачигарӣ, тарафдории озодии занон, баробарҳуқуқии зану мард, рушду нумўи фарҳанг, яъне санъату маориф ва адабиёт яке аз вазифаҳои иҷро шудани ин маҷаллаи бонуфуз буд.
Албатта дар саҳифаҳои «Шуълаи инқилоб» шеъру мақолаҳои адибони тоҷик, ба монанди Садруддин Айнӣ, Фахруддини Роҷӣ, Саидризо Ализода, Турақул Зеҳнӣ ва дигарон дарҷ ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки қисмати асосии саҳафоти ин маҷалла «Хулосаи хабарҳои ҳафтавӣ» ва «Эъломия» буд, ки хонандагонашро ба воқеаҳои муҳими дохилу хориҷа шинос менамуд.
Таҳияи Ҳаётулло Муҷебуллоев