Нуриддинов Сироҷиддин соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Кандакор, наққош ва рассоми тоҷик. Ходими хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1967). Пас аз хатми омўзишгоҳи педагогӣ чанд муддат муалимӣ кард. Аз соли 1952 ин ҷониб бо Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ (ш. Душанбе) ҳамкорӣ дошт.
Санъати кандакориро мустақилона, аз рўи эҷоди устоҳои халқии Тоҷикистон (Ю. Баротбеков ва дигарон) омўхтааст. Асари нахустини вай намоя (панно), ки тасвири Айнӣ дорад, бо услуби дар чўб кандакорӣ кардани устоҳои ўротеппагӣ офарида шудааст.
Нуриддинов кандакори ҷўянда аст ва бо заҳмати мунтазам равиши эҷодии хос ба даст овардааст. Дар асарҳояш нақши
Китоби қадимии «Динкард» чорумин ҷилди силсилаи «Тоҷнома» аст, ки бо талоши донишманди маъруф Фарангис Шарифова рӯйи чоп дид.
Китоби «Динкард» маҷмўи қоидаҳои динӣ мебошад. Аз сабаби номаълум мондани баъзе наскҳои он дар ин ҷилд китобҳои сеюм, панҷум ва ҳафтуми «Динкард» ҷамъоварӣ ва таҳия шудаанд. Муқаддимаи китоб ба гирдоварандаи ин маҷмўа ва баргардонкунандаи матнҳо аз хати форсӣ, доктори илмҳои филологӣ Фарангис Шарифова тааллуқ дорад.
Китоби севуми «Динкард» дар бобати усул ва ақоиди зардуштӣ аз дидгоҳи калом ва фалсафа маълумот медиҳад. Дар ин қисмат доир ба рўзгори шахсиятҳои маъруфе аз қабили Каюмарсу Зардушту Фаридун низ сухан рафтааст.