Луғатномаи Деҳхудо» муштамил бар 50 ҷилд буда, 340,000 калимаро фаро мегирад. Ва он натиҷаи заҳамоти 40-солаи Деҳхудо мебошад. Луғатномаи Деҳхудо фақат як вожаномаи содда нест, балки онро метавон як донишномаи арзишманд ҳам номид, зеро дар он маониву тафосир ва таърихчаи ҳар як луғат ва ё ибора ба форсӣ ва арабӣ низ ёфт мешавад.
Шодравон Алиакбари Деҳхудо яке аз олимон ва мутафаккирони бузурги Шарқ буда, соли 1879 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Падари ў марҳум Бобохон аз мардумони миёнаҳоли Қазвин буд, ки пеш аз таваллуди Алиакбар ба шаҳри Теҳрон омада, иқомат гузид. Деҳхудо забони арабӣ ва маорифи исломиро дар маҳзари ду тан аз устодони вақт, Шайх Ғуломҳусайн Баруҷардӣ ва ҳоҷӣ Шайх
Шом. Шоми рӯзҳои сарди охири тирамоҳ. Сардӣ аз барфи аввал не, аз шикасту рехти зиндагиву кирдори бади тӯдаҳои ҳукмфармо афзуд. Яке аз номи ҳокими навбаромад бо арбада фармону азият медоду молу коло мебурд, се рӯз пас дигаре аз номи ҳукуматиҳо. «Мо шаб то саҳар дир-дир ларзидаву нахобида, шуморо аз ҳуҷуми душманҳо мераҳонем» – лоф мезад муҷоҳид ва ташаккур мешуниду барои даста инъом меситонд. «Мо шабу рӯз ташнаву гурусна дар кӯҳу камар
Панҷуми августи соли равон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба синни мубораки 70 даромад. Адиби маъруф 5-уми августи соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Абдулҳамид Самад замоне по ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта шикаста шуданд, дидгоҳҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои