Имрӯз итернет ҷавонони моро танбал ва бе ҳавсала намудааст. Чуноне, ки мушоҳида мекунем, ки агар барои донишҷӯи мо аз ҷониби муаллим супорише ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, он ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мазўъро дар он ҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро оварда ба муаллим медиҳад. Мусибат он аст, ки муаллим низ онро қабул дорад.
Академик Раҷаб Амонов аз матраҳтарин чеҳраҳои илмии тоҷик дар нимаи дуюми садаи ХХ буд. Олиме, ки ҷавонии худро дар ҷабаҳоти ҷанг зидди фашизм гузаронд ва баъди бозгашти сарбаландона ҷабҳаи пажуҳишу фарҳанг ва илмро майдони амал қарор дод.
Адабиётшиноси намоён, фолклоршинос, мунаққид доктори илмҳои филология, академики Академияи фанҳои Тоҷикистон ва адиб Раҷаб Амонов 1-уми августи соли 1923 дар оилаи мўзадўз дар шаҳри Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омадааст.
Сафири испонӣ Руи Гонсалес де Клавихо ҳанӯз солҳои 1403-1406 асаре таълиф карда аз диду боздидҳо ва сафарҳояш ба мамолики Шарқи он замон. Ин китоб бо номи «Рўзномаи сафар ба Самарқанд» маълуму машҳур аст, ки бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал бо забони тоҷикӣ чоп шуд.
Китобро матбааи «ЭР-граф»-и шаҳри Душанбе соли 2016 ба нашр расонд
Китоби мазкур навиштаҳои сафарии сафири испанӣ Руи Гонсалес де Клавихоро дар бар гирифтааст, ки дар солҳои 1403-1406 таълиф гардидааст. Тарҷумаи тоҷикии ин китоби нодир аз ҷониби тарҷумон Ислом Юсуфӣ дар асоси нашри русии Маскав (соли 1990) сурат гирифтааст.