Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир

Тавре аз номаш пайдост, шуъба дастхатҳои қадимиро бо алифбои форсӣ ва лотинӣ дар бар мегирад. Китобҳои чопи сангӣ, дастхатҳои нодири аз замонҳои гуногун боқимонда, ҳамчунин рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар солҳои аввали Инқилоби Октябр бо алифбои лотинӣ дар Самарқанду Бухорову Тошканд ва Душанбе интишор шудаанд.
Ин шуъба мероси хаттии ниёгон аст, дар он метавон бо намунаҳои гуногуни хат ошно шуд, китобҳои дар қарнҳои гуногун ва дар кишварҳои мухталиф чопшударо пайдо кард.
Кормандони шуъба хонандагонро раҳнамоӣ мекунанд, барои пайдо намудани нусхаҳои гуногуни дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ кумак мерасонанд.
Иттилоот аз фонди шуъба ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ тавассути феҳристи анъанавию  электронӣ сурат мегирад.
Дар ин шуъба, ки толораш 24 ҷойи нишаст дорад, хонанда метавонад аз тариқи иртиботи интернетӣ аз манбаъҳои электронӣ, ҳамчунин захираҳои электронии нусхаҳои хаттии китобхонаи миллии Фаронса истифода барад.  
Кормандон осори гаронбаҳо ва захираи китобҳои нодирро барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ мекунанд.  
 Бо шуъба аз тариқи телефони 221 06 58 метавон иртибот гирифт.

Дари он барои хонандагон рӯзҳои якшанбе-душанбе аз соати  8:00 то 17:00 ва рӯзҳои сешанбе-шанбе аз соати 8:00 то 22:00 боз аст.

Бо фаъолияти Шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Барчаспҳо: