Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар нуҳ моҳи соли 2015

Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электрониро ройгон ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард, ки он ба хазинаи хаттии электронии Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ворид карда шудааст.
 Аз тарафи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 135 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 57 маҷмўаи дастхат ва 78 китоби чопи сангӣ барои харидорӣ интихоб карда шуд.
 Дар ин мудадт 39 адад нусхаи хаттӣ ва 53 адад китоби чопи сангӣ аз аҳолӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Илова бар ин, дар шакли тўҳфа аз ҷониби Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электронӣ ба фонди электронии шуъба  ворид шуд.
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 3721 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, бо ганҷинаҳои нодири шуъба шинос шуданд ва аз онҳо истифода карданд.
Ҷамъоварии мавод  ҷиҳати мураттабсозии феҳристҳои адабиёти Рўдакӣ (китоби 3), “Китобшиносии Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў” (китоби 2), “Маҷаллаҳои Шарқ” (қисми 2) ва “Осорномаи Абдурраҳмони Ҷомӣ”(китоби 2)  идома дорад.
Илова бар ин 606  нусхаи хаттӣ варақгардон шуда ва барои таъмиру тармим 163 адад интихоб карда шуд. Шуъбаи таъмир ва тармим 392 адад китобро аз нав барқарор кард.

Барчаспҳо: