Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад...

Сухане чанд аз суннатҳои наврўзии Дарвоз
Наврўз як ҷашни миллие мебошад, ки чандин солҳо боз дар тамоми гушаву канори ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки ҷашни Наврўз васлгари дирўзу имрўз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад. Дар ин маќолаи кучаки худ хостам чанд нуктаеро аз расму ойин ва суннатҳои наврӯзии мардуми Дарвоз аз қабили хонабуророн, суманакпазӣ, ҷаҳоршанбесурӣ ва бозиҳои варзишӣ зикр намоям, ки воќеан яке аз суннатҳои волои ниёгонамон мебошанд, ки аз насл ба насл, такрор ба такрор то ба мо расидаанд. Дар диёри зебоманзари Дарвоз мардум чанд рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз тамоми қолину палосҳоро аз хона берун мебароранду офтоб дода, метаконанд. Деворҳои хонаро сафед намуда, тамоми лавозимоти хонаро шустушу намуда, тозаву озода мекунанд. Чуноне бузургон мегўянд, хонаву дари тоза рамзи соли нав ва иқболи нав аст. Мардум бар ин назарнд, ки агар Наврӯзро дар хонаи тозаву ороста истиқбол намоӣ, тамоми сол бо саодатмандиву хушҳолӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Суннатҳои наврӯзӣ: Оташпарак
Яке аз суннатҳои қадима, ки то ба ҳол дар баъзе аз деҳаҳои Дарвоз роиҷ аст ин чаҳоршанбесурӣ ё чаҳоршанбесурук мебошад. Ин маросим дар рӯзи чаҳоршанбеи охирони сол гузаронида мешавад. Ҳангоме, ки хурдсол будем бо ҳамсоягони гирду атроф бо ҳам ҷамъ омада, дар даҳлези ҳавлие оташ меафрӯхтем ва хурду калон, зану мард аз болояш мепаридем ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтем: «Ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман». Бо ин амал мардум бар ин бовар буданд, ки то ба наврӯзи дигар солиму тандурӯст хоҳанд монд. Мувофиқи боварии дигаре, ки доштанд ин буд, ки агар аз болои оташ ҷаҳида гузарӣ, гуноҳоят бахшида хоҳанд шуд.

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем...
Яке аз расму ойини хело ҳам шавқовар ва дӯстоштатарини мардуми кишвари азизамон Тоҷикистон ба хусус мардуми Дарвоз ин омада намудани суманак мебошад. Суманак навъе аз хӯриши наврӯзӣ аст, ки аз шираи гандум пухта мешавад. Таҳия намудани сабза аз гандум ва пӯхтани суманак байни мардуми Дарвоз хеле роиҷ аст. Гандумро як ё ду рӯз дар оби пок тар карда, мемонанд. Ҳангоме, ки гандум неш мебарорад онро дар табақе ҳамвор мегузоранд ва рӯяшро бо матои покиза мепӯшанд. Рӯзе, ки борон борад табақи суманакро ба берун бароварда, аз оби борон сероб мекунанд ва баъдан табақро ба ҳуҷрае, ки шахси бегона ба онҷо ворид нашавад, мегузоранд. Мардум ба чунин андешаанд, ки вақто гандум рӯида сабз шуд, бояд аҳаде онро набинад, зеро «пай» меафтад. Ё худ дар вақти омада ва пухта намудани суманак кӯшиш мекунанд, ки шахси бегонае ба болои дег омада назар назар накунад, зеро пай меафтад ва суманак дар дег як садое (парак-парк) мебарорад ва аз дег суманак ба берун мепарад, ки рафта – рафта маҳсули дег кам мешавад. Занҳо дар ин гуна ҳолат ба чунин ақидаанд, ки агар суманак дар дег наистад пай афтидааст ва чашми кадом нопоке ба деги суманак расидааст. Ақидаи дигаре ҳам дар байни занҳои суманакпаз ҳаст, ки касе аз дӯстон ё ҳамсоягон гар дар вақти омода намудани суманак ояд, то пӯхта шуданаш, яъне то ба саҳар ҳамроҳи онҳо бимонад, рафту омад иҷозат нест. Расм Суманак 3 Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ меоянд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешаванд, суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоранд, онҳоро зиёрат мекунанд, сипас ояте аз Қуръони карим тиловат карда, дуо мехонанд ва сипас сабзаҳоро мебуранд. Дар бегоҳирӯзӣ сабзаҳои порашударо ба дег меандозанд, то чашми шахси бегона набинад, то ин ки пай наафтад. Баъдан занҳо ба таги дег оташ меафрӯзанд ва бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекованд. Дар дег ҳафт адад сангча меандозанд, ки ин рамзи бобаракат шуданро ифода мекунад. Онҳо дар назди оташ нишаста, барои хобашон набурдан қиссагӯӣ мекунанд ва ё суруд мехонанд ва мерақсанд. Субҳ, ҳангоме, ки суманак тайёр шавад, мардумро даъват, мекунанд, рақсу бозӣ мекунанд, духтарон ҳойсаворӣ ва бачаҳо гуштингирӣ менамоянд. Занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу сурур ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боварие ҳаст, ки соли нав яъне наврӯзро бо хандаю хурсандӣ ва шодмонӣ истиқбол намоӣ, тамоми солро бо пуррагӣ ва ба хуррамию шодмонӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Варзиш дар Наврӯз Навъе аз суннатҳои қадимаи дигар ин варзиш мебошад. Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, кабгҷангу хурусҷанг мебошад. Бояд қайд кард, ки аз ҳама мусобикаи маъмултарини наврузӣ ин гуштингирӣ аст, ки хеле роиҷ аст. Қариб дар ҳамаи деҳаҳои Дарвоз мусобиқоти наврўзии гуштингирӣ барпо мегардад. Қабл аз ҳама ду муйсафед, ки яке шодравон паҳлавони шуҳратманд бобои Кавг буд, рамзан ба майдон мебаромад ва бо рақс гирди майдон чархзанӣ намуда, мусобиқаро оғоз менамуд. Ба ғолибон туҳфаҳое ба мисли ҷома, қолину палос, телевизору видеомагнитофон аз тарафи созмондиҳандагон - ҳукуматҳои маҳаллӣ ва тоҷирони хайрхоҳ тақдим карда мешуд. Дар ин маъракаи гуштингирӣ паҳлавони довталаб ба майдон омада менишинад. Ҳар нафаре, ки бо паҳлавоне куваозмоӣ кардан хоҳад, ба майдон омада дар паҳлӯи ӯ менишинад. Сипас ба ҳардуяшон дуо дода, ба майдон даъват мекунанд.

РАҶАБАЛӢ ДОДИХУДОЕВ,
Мудири шубаи дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: