Дар толори “Қонуни забони тоҷикӣ” бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод кард ва гуфт, ки ин танҳо як ҷашн нест, ин эҳёи табиат аст, ин баҳор аст, ин зиндагии тоза ва сабз аст. Мудири кафедраи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои...
Чун анъанаи дерин дирӯз, якшанбе, 13-уми март кормандони Китобхонаи миллӣ сари кор омаданд ва даст ба поккории атрофи Китобхона, нарм кардани бехи ниҳолҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо, рубучини утоқу роҳравҳо заданд. Ин танҳо як омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз набуд, ин як анъанаи деринест, ки ҳар моҳ баргузор мешавад. Ва ҳадаф поку озода нигоҳ доштани ин боргоҳи маърифат аст.