Чун анъанаи дерин дирӯз, якшанбе, 13-уми март кормандони Китобхонаи миллӣ сари кор омаданд ва даст ба поккории атрофи Китобхона, нарм кардани бехи ниҳолҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо, рубучини утоқу роҳравҳо заданд. Ин танҳо як омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз набуд, ин як анъанаи деринест, ки ҳар моҳ баргузор мешавад. Ва ҳадаф поку озода нигоҳ доштани ин боргоҳи маърифат аст.
Суратгир: Хусрави Милод