Боздиди Раиси департаменти фарҳанги Аморати Шарҷа аз Китобхонаи миллӣ

Баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта Директори Китобхонаи милии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода Раиси Департаменти фарҳанги Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос ҷаноби Абдулазиз Ал Мусалламро ба ҳузур пазируфт.

Абдусалом Мирализода меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон , бойгонии он, таърихи китобу китобдорӣ дар кишвар, хазинаи китобҳои қадима ва нусхаҳои қаламӣ ошно намуд.  

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи китобдорӣ, таъмиру тармими китобҳо, омӯзишу такмили ихтисоси мутахассисон ва ғайр изҳори назар карданд.  Ҳамчунин ду ҷониб бар ин назар шуданд, ки дар ин марҳила аз ҳамкориҳо роҳандозии давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони китобхонаҳои ду кишвар ба мақсад мувофиқ аст. 

Маврид ба ёдоварист, ки  Раиси департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос ҷаноби Абдулазиз Ал – Мусаллам бо даъвати Вазорати фарҳанги кишвар ба Тоҷикистон омадааст ва дирӯз бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мулоқот кард.

Бино ба хабари дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг сӯҳбат намуданд. 

Ҷаноби Абдулазиз Ал-Мусаллам ба иштироки фаъолонаи ҳунармандони тоҷикро дар Фестивали байналмилалии Шарҷа оид ба мерос ва Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Шарҷа баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ҷониби Шарҷа барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи осорхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти бостоншиносӣ низ омода аст.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки Тоҷикистон низ ҳозир аст, то доираи ҳамкориҳои фарҳангиро бо Шарҷа васеътар намояд. Ӯ қайд намуд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва таҷрибаи бойи Шарҷа дар ду соҳаи мазкур ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар ба рушди соҳаҳои номбурда мусоидат хоҳанд кард. 

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Шарҷа, ки охири соли 2018 сурат мегирад, яке аз мавзуҳои асосии баррасишавандаи мулоқот буд. Инчунин зикр гардид, ки соли 2019 баргузории Рӯзҳои фарҳанги Шарҷа дар Тоҷикистон дар назар аст.