Баёни сӯзангарони ҳунарманд номгузории мушаххаси нақшҳои гулдӯзӣ ташаккул ёфтаанд, маъмултарини онҳо-офтобак, давригул, аштақ, аноргул, каҷак, себарга, барги бед, ислимӣ, лола, тоҷи хурус, райҳон, булбул, аждаҳо, товус, ҳилол, оташ, нохуни паланг, гулбаст, моҳу ситора, бодом, гулгулак, қаламфур, гандумак ва ҳоказоянд. Истифодаи аксарияти ин нақшҳо универсалӣ бошад ҳам, баъзеи онҳо истифодаи мушаххасро металабанд. Масалан, ҷо додани нақши каждумак танҳо дар ҷӯроб имконпазир