Activities calendar

30 апреля 2018

Навад соли шоири маъруф Муҳаммадалишо Ҳайдаршо

Синнаш имсол ба 90 расид. Шоири маъруф, инсони комил ва журналисти тавоно. Тарҷумони хуб ҳам буд ва болотар аз ҳама аз беҳтарин фелйетоннависони тоҷик буд. Қалами ҳаҷв, ки дошт, дар ин жанр беҳтар аз дигарон менавишт. Ва ҳамин буд солҳои тӯлонӣ бо маҷаллаи ҳаҷвии “Хопуштак” ҳамкорӣ дошт ва дар ҳаҷву мутоиба мумтоз буд.

Ҳайдаршо Маҳмадалишо 18 апрели соли 1928 дар

Дар шинохти доктори илмҳои фалсафа Абдусамад Самиев

Доктори илми фалсафа, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдусамад Самиев 22-юми апрели соли 1948 дар Ғаввосиёти ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистон ҳоло  ДМТ-ро ба итмом расонда, дар шўбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон фаъолияташро оғоз бахшид.

Коргардони машҳури синемо Маргарита Қосимова ба синни 80 расид

Аз беҳтарин ҳунармандон ва филмофарони тоҷик аст. То кунун бинандагон филмҳои «Ҷўра – Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд – набуд дар синфи якум», «Имрўз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол”-ро фаромӯш намекунанд, ҳарчанд умри баъзе аз ин филмҳо аз 50 сол ҳам беш аст.

Ман наям «Девона», номамро Карим бинҳодаанд...

Шоири мардумӣ Карим Девона имсол 140-сола шуд. Расо 100 сол пеш, дар синни чиҳилсолагӣ тарки олам карда буд. Дар бораи ин шоири шӯрида нависандаи маъруф Ҳабибулло Назаров асари шоистае дорад бо номи “Дар ҷустуҷӯи Карим Девона”.

Хушназар Майбалиев-коргардони соҳибмактаб

Агар Хушназар Майбалиев зинда мебуд, имсол аз баҳори 80-уми ҳаёташ гул мечид. Дардову дареғо, ки олами моро тарк кард. Вале аз ӯ чун эҷодкори асил даҳҳо намоишҳои мондагор ба ёдгор монда ва ҳам мактаби ҳунарии ӯ, ки имрӯз шогирдонаш идома медиҳанд.

Идомаи ду давраи омӯзишӣ барои кормандони Китобхонаи миллӣ

Дар Маркази такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ, яке бо номи «Асосҳои лоиҳасозӣ» ва дигаре « Феҳристнигорӣ», ки моҳи феврал оғоз шуда буданд, идома доранд.

Мулоқоти хонандагон бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кормандони Маркази такмили ихтисос баъд аз зўҳри рўзи 27 апрел махфили адабӣ бахшида ба фаъолияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо доир гардид.