Коргардони машҳури синемо Маргарита Қосимова ба синни 80 расид

Аз беҳтарин ҳунармандон ва филмофарони тоҷик аст. То кунун бинандагон филмҳои «Ҷўра – Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд – набуд дар синфи якум», «Имрўз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол”-ро фаромӯш намекунанд, ҳарчанд умри баъзе аз ин филмҳо аз 50 сол ҳам беш аст.

 

Коргардони синемо. Ходими шоистаи  ҳунари  Тоҷикистон Қосимова Маргарита Наимовна 10 апрели соли 1938 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1962 Институти давлатии умумииттифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро ба итмом расонда, қариб сӣ сол дар «Тоҷикфилм» ба сифати коргардон заҳмат кашидааст.

Ҳангоми донишҷўӣ (соли 1959) филми ҳуҷҷатии «Қалби яқини Помир» - ро таҳия кард, ки писанди умум афтод. Минбаъд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиро якзайл таҳия намудааст.

Филмҳои бадеияш – «Тобистони  соли 43 – ум», «Ҷўра – Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд – набуд дар синфи якум», «Имрўз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол» дар синемои тоҷик  ҷои хос доранд.

Филмҳои мустанади вай «Бародари ман Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо», «Сарчашма», «Саҳифаҳои албоми кўҳна», «Кишвари ман», «Роҳи баробари умр», «Бо роҳи охирин», «Фарёд», «Роҳи сафед» ва ғайра аз маҳорати баланди таҳиягариаш дарак медиҳад.

Бисёр сужаҳои киножурнали ҳаҷвии  «Калтак» - ро коргардонӣ кардааст. Бо Ифтихономаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар бораи Маргарита Қосимова дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро хона метавонед:

Касимова Маргарита // Энсиклопедия кино Таджикистана. – Душанбе, 2015. – С. 214.

Азизова,С. Кинорежисёри тоҷик Маргарита Қосимова // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 6 март.

Ҳамроев, Ҳ. Дар бораи аввалин тоҷикзани кинорежиссер М. Қосимова, Тоҷикфилм // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 25 август.

Мамаҷонов, М. Тифлаконро наҷот бидиҳем!: Офарандаи филми ҳуҷҷатии «Фиғон» Маргарита Қосимова // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – 18 декабр.

Шарифов, Х. Мукофот ба шахсони муносиб: Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ ба Маргарита Қосимова барои филмҳо барои бачаҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 16 октябр.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ