АКОБИР ШАРИФӢ
Нашр шуд 2018-02-08 17:09
Акобир Шарифӣ, адиби ширингуфтори кӯдакнавис инак беш аз даҳ сол аст, ки миёни мо нест. Вале осори гаронбаҳояш ҳузури руҳонии ӯро нуронитар мекунанд. Адибе, ки ҳанӯз замоне, ки зинда буд, миёни ҳаводорони шеър шуҳрат дошт ва дар зиндагӣ ба камолоти эҷодӣ расида буд. Ва агар зинда мебуд, ҳоло 90-сола буд.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:
АКОБИР ШАРИФӢ 8 феврали соли 1928 дар деҳаи Вардучи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар нашрияҳои бачагона, Телевизиони тоҷик ҳамчун асосгузор ва сармуҳаррири шҷъбаи бачагон ва наврасон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.
Барои бачагон эҷод мекард ва ашъораш дар маҷмӯаҳои “Бойчекак» (1959), «Наргис ба мактаб меравад» (1963), «Амаки милиса» (1965), «Афсонаи хараки лофзан» (1975), «Аҳмади кайҳоннавард» (1967), «Бӯрёкӯбон» (1972) ва ғ. ба табъ расидаанд. Ҳикояи «Амаки милиса»-и ӯ яке аз беҳтарин ҳикоя дар адабиёти кӯдак ба шумор меравад.
Асарҳои беҳтаринаш дар якҷилдаҳои «Тӯҳфа» (1973), «Бобои ман ордендор» (1975), «Тоҷикистони азиз» (1979), «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор» (1980), «Айёми хушбахтӣ» (1985) ва ғайра пешкаши хонандагон гардидаанд.
Иддае аз ашъори ӯ ба забони халқҳои дигар тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, китобҳои ӯ «Дядя милиционер» (1965), «Хвастливый осёл» (1966), «Не откладывайте на завтра» (Маскав, 1977) ва ғайра ба русӣ интишор ёфтаанд.
Китоби шеърҳои С. Маршак, К. Чуковский, А. Барто, Я. Аким, Д. Родари, Д. Мамин –Сибиряк, С. Михалков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
14 августи соли 2007 аз олам даргузашт.
Осор:
Шарифӣ, А. Наргис мактаб меравад: Барои бачагони синни томактабӣ. – Душанбе: Нашрдавтоҷик,1963. – 7 с.
Шарифӣ, А. Бурёкўбон: Афсона. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 14 с.
Шарифӣ, А. Ҳадя: Маҷмўаи шеъру ҳикояю достонҳо барои синни хурди мактабӣ. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 112.
Шарифӣ, А. Тоҷикистони азизам: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 208 с.
Шарифӣ, А. Кори имрўзро ба фардо нагузор: Ҳикояҳо барои бачагони хурди мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 112 с.
Шарифӣ, А. Амаки милиса: Ҳикоя // Галаситора. – Душанбе, 1981. – С. 248-253.
Шарифӣ, А. Суруди сулҳ: Шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1985. – 224 с.
Шарифӣ, А. Саъва: Ҳикоя. – Душанбе: Адиб, 1989. – 14 с.
Шарифӣ, А. Қадри устод: Шеър // Байрақи ленинизм. – 1982. – 16 феврал.
Шарифӣ, А. Харгўшак: Афсона // Пионери Тоҷикистон. – 1983. – 16 ноябр.
Шарифӣ, А. Кори имрўзаро ба фардо нагузор: Песаи якпардагӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1983. – 6 феврал.
Шарифӣ, А. Ҳамсоли СССР: Ҳикоя // Газетаи муаллимон. – 1983. – 18 январ.
Шарифӣ, А. То фардо: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1986. – 26 октябр.
Шарифӣ, А. Бузғолаҳои далер: Песаи лўхтакӣ (Дар асоси афсонаи халқӣ) // Машъал. – 1987. – №1. – С. 9-11.
Шарифӣ, А. Арчаи мо: Суруд // Пионери Тоҷикистон. – 1989. – 1 январ.
Шарифӣ, А. Пойга: Ҳикоя // Машъал. – 1990. – №5. – С. 14.
Шарифӣ, А. Ду мушак; Хуршед: Шеърҳо // Бо роҳи Ленин. – 1991. – 1 июн.
Шарифӣ, А. 14 августи соли 2006 яке аз симоҳои намоёни адабиёту матбуоти тоҷик, шоир, нависанда, драматург ва тарҷумони варзида, узви Итифоқи нависандагон аз соли 1962- Акобир Шарифӣ, дар сини 78-солагӣ аз олам даргузашт // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 17 август.
Дар бораи Акобир Шарифӣ
Туманян, А. Бо забони арманӣ: Тарҷумаи маҷмўаии ҳикояҳои А. Шарифӣ «Кори имрўзро ба фардо магузор» // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 8 июл.
Ҳошимӣ, Ҷ. Умре барои бачаҳо: Бахшида ба 60 солагии ҷашни адиби маҳбуб Акобир Шарифӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1988. – 7 феврал.
Алиева, Н. Дунёи рангоранг: Дар бораи фаъолияти эҷодии адиби тоҷик Акобир Шарифӣ // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 4 феврал.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ