Раҳмон Сафар: Ривоятгари сарнавишти беш аз 30000 ҳамдиёрон

Раҳмон Сафар аз ҷумлаи маъдуд адибонест, ки ҷустуҷӯи ҷанговарони гумноми тоҷикистониро тамоми умр қарзи худ донистааст. Вай  даҳҳо хазор километр масофаро савораю пиёда тай намуда, қабри бештар аз 3000 ҷанговари шаҳидро, ки аз Тоҷикистон ба фронт рафтаанд, маълум кардааст. Барои ин кор ба ӯ  лозим омадаст, ки  бештар аз 280 дивизия ва 1000 полкро омўхта, дар хусуси зиёда аз 30000 ҳамдиёри ҷанговарамон маълумотҳои аниқ ҷамъ оварад. Раҳмон Сафаров қариб 4000 варақаи мукофоти ҷанговаронро нусхабардорӣ карда, феҳристи калонҳаҷм тартиб додааст.
Сафаров  Раҳмон  5  августи  соли  1930  дар  деҳаи  Шоҳраҷаби  ноҳияи Балҷувон таваллуд  ёфтааст.  

Соли  1951  ба  сафи  Армияи  Советӣ  даъват  шуд  ва ҳаёти  худро  ба  армия  бахшид. Соли  1955  омўзишгоҳи  ҳарбии  Ярослав,  соли  1962 курси  дусолаи  назди  Академияи  қўшуни  Шўравиро  хатм  кард. Бист  сол  дар  системаи  комиссариати  ҳарбии  ҷумҳурӣ  кор  кард  ва  соли  1978  ба  истеъфо  баромад.  Дар ин бора менависад: “Ман ибтидо сарбозиро касб карда будам. Пас аз бисту шаш сол, дар синни 46- солагӣ мувофиқи талаби ҳукумати Тоҷикистон ва хоҳиши худам дар рутбаи майорӣ аз сафи Кувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ба истеъфо баромадам ва ҷангноманависиро пеша кардам”.

Раҳмон Сафар соли  1964  шуъбаи  ғоибонаи  факултети  таърихи  институти  педагогии  ба  номи  Т Г Шевченкои шаҳри Душанберо  хатм  намуд.  Пас  аз  хизмати  ҳарбӣ солҳои  1978-79  дар  институти  таърихи  АФ  РСС  Тоҷикистон  кор  кардааст. Аз соли 1979  корманди  Бюрои тарғиботу ташвиқоти адабиёти бадеии Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон  буд.  Фаъолияти  эҷодии  Р.Сафар  аз  аввали  солҳои  70 – ум  шурўъ  шудааст.

Ў  корнамоиҳои  фарзандони  халқи  тоҷик Сафар  Амиршоев (повести  ҳуҷҷатии «Сафар  Амиршоев» (соли 1974), Домулло  Азизов (повести «Фарзанди  сарзамини  ман»(соли 1978) ба забони  русӣ  ва Саидқул Турдиевро (повести  «Қаҳрамони  Вахш  ва  Днепр» (соли 1981)  дар  асоси ҳуҷҷатҳо  ба  таври  бадеӣ  тасвир  намудааст.

Бо  медалҳо  ва  Грамотаи  Фахрии  Президиуми  Совети  Олии  РСС  Тоҷикистон  мукофотонида  шудааст.  Аз  соли  1978  ходими  хурди  Пажўҳишгоҳи  таърихи  АУ  Тоҷикистон, корманди  Шўрои  тарғиби  адабиёти  ИН  ҷумҳурӣ буд.

Натиҷаи  заҳматҳояш  китоби  пурмўҳтавои  «1100  корнома»  мебошад, ки  соли  1995  қисми  аввалаш  аз  чоп  баромад. Барандаи  ҷоизаи  комсомоли Тоҷикистон (соли 1985), корманди шоистаи маданияти  Тоҷикистон, собиқадори  Нирўҳои  мусаллаҳи  Шўравӣ  мебошад.  Бо  нишонҳои  ҳукуматӣ  мукофотонида  шудааст. Аз  соли  1978  узви  Иттифоқи  нависандагон  буд.
15- уми сентябри соли 2008 аз олам рахти сафар барбаст.

Аз Раҳмон Сафар ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:

Сафаров, Р.  Ҳазору як  корнома:  Аз  корнамоиҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ. –  Душанбе, 2005. – Ҷ.3. – 448 с.
Раҳмон, С.  Ҳазору  як  корнома :  Аз  корнамоиҳои      ҷанговарони   ҶБВ. – Душанбе: СИЭНТ,  2005. – Ҷ. 3. – 448 с.
Сафаров, Р.  Ҳазору як  корнома: Ба  ифтихори 65 – солагии  ҶБВ   / Мухаррир  М. Алиев. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 304 с.
Сафаров, Р. Ҳазору як  корнома / Мураттибон: С. Гулаҳмадов, М. Валихоҷаев, А. Каримов / Муҳаррир М. Алиев. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 304 с.
Сафаров, Р. Ҳазору  як  корнома Мураттибон: С. Гулаҳмадов, М. Валихоҷаев, А.  Каримов / Муҳаррир М. Алиев. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 304 с.
Сафаров, Р. Достони  марди  мубориз:  Дар  бораи   яке  аз  аввалин  тарафдорон  ва  муборизони  роҳи  озодӣ,  барпокунандагони  Ҳокимияти  Советӣ  дар Ховалинг  Мирзо Пираков  // Роҳи  Ленинӣ. – 1982. – 21 сентябр.
Сафаров, Р. Ҳазору  як  корнома: (ҳуҷатҳо  шаҳодат  медиҳанд) Иштирокчии  ҶБВ  Асимов  Баҳриддин  Сайфуддинович // Тоҷикистони  советӣ. – 1990. – 2 март.
Сафаров, Р. Қаҳрамон  Домулло  Азизов: Саҳифаҳо  дар  бораи  Қаҳрамони  Иттифоқи  Советӣ  Д.  Азизов  аз  китоби  «1001  корнома»  // Омузгор. – 1990. – 8 май.
Сафаров, Р. Ҳазору  як  корнома; Тақдир:  Иштирокчии  ҶБВ  Азимов Ҳикмат // Тоҷикистони  советӣ. – 1990. – 26 феврал.
Сафаров,Р. Ҳазору як корнома: Робита барқарор шуд (Иштирокчии ҶБВ  Азизов  Ҷунайдулло // Тоҷикистони  советӣ.  – 1990. – 1 март.
Сафаров, Р. Ҳазору  як  корнома; Ҷуянда  ёбанда  аст: Иштирокчии  ҶБВ  Акрамов  Юнус // Тоҷикистони  советӣ. – 1990. – 27 сентябр.
Сафаров, Р. Дар  суроғи  фарзанди  диёри  Хуҷанд: Ҳуҷҷатҳои  тоза  оиди  Қаҳрамони  Иттифоқи  Советӣ  Фатҳулло  Аҳмадов // Адабиёт  ва  санъат. – 1991. – 9 май.
Сафаров, Р.  Ҳар  ки  накуном  зист: Нидои  ранҷбар дар  бораи  ветерани ҶБВ  Х.  Шарифов // Нидои  ранҷбар. – 1992. – 21 май.
Сафаров, Р.  Муҳофизи  лашкаркаш:  Хотираҳои  ҶБВ // Адабиёт  ва  санъат. – 1992. – 18 июн.
Сафаров, Р. Маънии  зиндагӣ:  Дар  бораи  иштирокчии  ҶБВ Ҳ.  Бобоҳоҷиев // Адабиёт  ва  санъат. – 1992. – 22 октябр.
Сафаров, Р. «Аз  хизмати  аскарӣ  наёмад  хабаруш»:  Ҳафтаи  ёдбуд  ва  абадӣ  гардонидани  хотираи  шаҳидони  ҶБВ // Ҷумҳурият. – 1992. – 12 май.
Сафаров, Р. Союз России с Ираном поставит запад  накалени  // Вечерний Душанбе. – 2008. – 28 августа.

                                                Дар  бораи Раҳмон Сафар

Ҳамяроқон: Маколаи редактивӣ  дар  бораи  иштирокчии  ҶБВ  С. Амиршоев  ва  ҳамяроқони  ў  Вазир  Касиров,  Мирзо  Мавизов  ва  Раҳмон  Сафаров  // Қаротегини  советӣ. – 1972. – 9 май.
Абдулло, З. Мардум  ба  доди  гумонизми  авомонакӣ  мерасад:  Аз  ҷамъовардхои  Р. Сафаров  аз  ҶБВ, ки  қариб  50 ҳазор  қаҳрамони  тоҷикро  дар  бар  мегирад  //  Ҷумҳурият. – 1992. – 22 апрел.
Зоҳир, А. Аз  сафари  ҷангноманавис  Рахмон  Сафар  ва рўзноманигор Ш. Подолск // Паёми  Душанбе. – 1993. – 11 май.
Партов, А. Эҳёгари  фидоиён: Қайдҳои  нависанда  А. Партов  аз  боби  аҳноӣ  ва  ҳамкорӣ  бо ҷангноманависи  шинохта  Раҳмон  Сафар              // Тоҷикистон. – 1993. – № 5-6. – С. 6.
Акобир, Ҷ. Назаркардаи  худованд: Дар  бораи  китоби  « Ҳазору  як  корнома» - и  Раҳмон  Сафар // Ҷумҳурият. – 2000. – 28 сентябр.
Шерхон, У. Шамъи  фурўзони  шабҳои  тираи  тоҷик:  Ё  андешае  чанд  дар  радифи «1001»  корномаи  Раҳмон  Сафар // Чархи  гардун. – 2001. – 10 август.
Абдулло,З. Суроғ  ба  иштирокчии  ҶБВ  Раҳмон Сафар // Ҷумҳурият. – 2005. – 7 май.
Аброр, Зоҳир.  Ҷонисори  ватан аз  кору  фаъолияти  узви  иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон  Раҳмон  Сафар // Ҷавонони  Тоҷикистон. – 2008. – 8 май.
Самад, А. Генерали  ман:  Дар  бораи   Раҳмон Сафар // Ҷумҳурият. – 2010. – 3 август.
Қодирдухт, Б. Раҳмон Сафар  кори  як  пажуҳишгоҳро  анҷом  додааст: Иштирокчии  ҶБВ  // Ҷумҳурият. – 2012. – 8 май.
Каримзода, Б. Корноманависӣ  номашро  абадӣ  намуд: Аз  ҳаёт  ва  фаолияти  ҷангноманавис  Раҳмон  Сафаров  // Садои  мардум. – 2015. – 9 май.

Таҳияи  Дилороҳ Сайдамирова,
корманди  шуъбаи  библиографияи  миллӣ