Устод Искандар Мирзоев имсол ба синни мубораки 85 қадам мениҳад. Аз ҷумлаи журналистонест, ки собиқаи роҳбарӣ дорад ва боз ин ки аз зумраи роҳбарони муваффақ ҳам будааст. Муддати 12 сол муовини Раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Замоне, ки кишвар ҳамагӣ як шабакаи телевизонӣ дошт. Ва дар нашрияҳои чопӣ низ ба ҳайси роҳбар кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст, вале ҳар замон дар Кумитаи радио ва телевизион мебинем, ҳикояҳои ҳаҷвиашро ҳам дар нашрияҳои кишвар мутолиа мекунем. Шеър ҳам менависад, очерку лавҳаҳои хуб низ. Эҷодкорест, ки қаламро умре аз даст нагузоштааст.
Искандар Мирзоев 23 марти соли 1934 дар ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми синфи ҳафтум Омўзишгоҳи омўзгории Қурғонтеппаро (1955) ба итмом расонда, ҳамон сол донишҷўи факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллӣ) шуда, соли 1960 хатм кардааст. Сипас дар Студияи телевизиони Сталинобод (имрўза шабакаи аввал) ба кор пардохта, сездаҳ сол фаъолият бурдааст.
Солҳои 1973-1977) мудири шуъбаи илму фарҳанги рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (Ҷумҳурият) будааст. Соҳои 1977-1989 дар вазифаи директори барномаҳои телевизион ва муовини раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба радиошунавонӣ ва телевизион кор кардааст. Солҳои 1989-1991 роҳбари Маркази матбуоти КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, солҳои 1991-1994 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оинаи зиндагӣ» будааст.
Аз соли 1960 ба кори эҷоди машғул шуда, аввалин навиштаҳояш дар китоби дастаҷамъии «Навниҳолони боғи адабиёт» ба табъ расидааст. Асосан дар таълифи очерку публитсистика комёб гардидааст, ки дар китобҳои «Ҳоҷии ошиқ», «Рукни чорум», «Қиссаҳои зиндагӣ», «Лутфи сухан» ва ғайра фароҳам омадаанд. Дар ҳаҷвиянигорӣ ҳам дасти тамомом дошта, қаҳрамонҳояш дар зиндагӣ тимсоли худро доранд. Китоби «Доғи фарзанд» аз мушкилоти фарзанду фарзанддорӣ ҳикоят мекунад.
Бо медалҳои ҷашнии «100-солагии В.И.Ленин» (1970), «Собиқадори меҳнат»(1987), «Барои меҳнати шоён» (1990), Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1980) мукофотонида шудааст.
Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 130.
Аз Искандар Мирзоев дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро суроғ кунед:
Кассиль, Л. Муҳофизони ту: Ҳикояҳо / Тарҷумаи И. Мирзоев. – Душанбе: Адиб, 1990. – 64 с.
Ҳоҷии ошиқ. – Душанбе: Адиб, 2002. – 151 с.
Рукни чорум. – Душанбе: Деваштич, 2006. – 228 с.
Қиссаҳои зиндагӣ. – Душанбе: Адиб, 2007. – 192 с.
Лутфи сухан. – Душанбе: Матбуот, 2008. – 178 с.
Аҳрорҷон зан мегирад: Пйеса барои кружокҳои донишкадаҳои Олӣ // Маориф ва маданият. – 1963. – 22 май.
Бо имзои мудир: Ҳаҷвия // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 13 ноябр.
Қиссаи як шўрапушт: Фелетон // Тоҷикистони Советӣ. – 1977. – 17 феврал.
Дандони лиқонак: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 23 июл.
Чакра чакидан гирад: Ҳаҷвия // Тоҷикистони Советӣ. – 1979. – 30 январ.
Ангуштарин: Ҳаҷвия // Тоҷикистони Советӣ. – 1985. – 31 март.
Барф: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 28 март.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ