Ғоибназар Паллаев имсол ба синни 90 медаромад, агар тарки ин олам намекард. Як сиёсатмадори муваффақи замони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Зина ба зина то вазифаи Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон расид. Аммо аввали солҳои 90-и асри гузашта, дар айёми бедории афкори мардум ва дар пайи тазоҳуроти моҳи феврали соли 1990 аз вазифа канор рафт. Дигар ба мансабаш барнагашт. Чун соле баъд Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам аз ҳам пошид, қаламрави кишвари шӯроҳо ба таҳаввулоти сиёсии азим рӯ овард.
Ғоибназар Паллаев 20 майи соли 1929 дар шаҳри Уши РСС Қирғизистон таваллуд ёфтааст. Ходими давлатӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1954 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намуд.
Солҳои 1954-1955 агрономи участка, сарагрономи МТС-и Ҷиликўли ноҳияи Ҷиликўл, 1955-1956 сарагрономи МТС-и Ҷиликўли ноҳияи Колхозобод, 1956-1958 директори МТС-и Чубеки ноҳияи Москва, 1958-1959 сардори инспексияи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Москва, 1959-1960 котиби Комитети партиявии ноҳияи Москва, 1960-1961 ҷонишини Вазири хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон, 1961-1963 котиби якуми кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ашт, 1964-1965 котиби кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ленин, 1965-1973 котиби якуми кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ленин, 1973-1977 раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника», 1977-1984 котиби якуми кумитаи ҳизби Коммунисти вилояти Қурғонтеппа буд.
Моҳи феврали соли 1984 Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Аз соли 1961 аъзои КМ ПК Тоҷикистон, аз соли 1983 аъзои Бюрои КМ ПК Тоҷикистон, Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 10-11), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 6-11).
Бо ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», ордени «Нишони Фахрӣ, медал ва Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Соли 1990 баъди ошӯбҳои моҳи феврал аз ҷумлаи касоне буд, ки мансабашро аз даст дод ва дубора ба курсии мансаби баланд нанишаст. 8-уми сентябри соли 1990 дар синни 71-солагӣ аз олам рафт.
Бозчоп аз Вакилони халқ (1938-2010). – Душанбе, 1986. – С. 380.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ғоибназар Паллаев чанд матлаберо метавон хонд, ки аслан суханрониҳои вай дар ҷаласоти гуногунанд ва дар рӯҳияи ҳамон замон эрод шудаанд. Аз ҷумла:
Барои халқ бештар молҳои хушсифат истеҳсол намоем!: Маърўзаи котиби якуми комитети партиявии вилоят дар маҷлиси фаъолони партиявию хоҷагии вилояти Қурғонтеппа // Ҳақиқати Қурғонтеппа. – 1983. – 21 июн.
Бо қадамҳои дилпурона ба сўи қуллаи нав: Вохўрии интихобкунандагони округи интихоботии Чептураи ноҳияи Ҳисор, ба раиси Президиуми Совети Олии Республика Ғоибназар Паллаев // Газетаи муаллимон. – 1985. – 19 феврал.
Демократикунонии системаи интихоботӣ: Сармақола // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 4 апрел.
Нутқи депутат Ғ. П. Палаев: Дар сессия дувоздаҳуми ғайринавбатии Совети Олии СССР даъвати ёздаҳум // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 1 декабр.
Маърўзаи Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон: Дар бораи Лоиҳаи Қонуни Забони РСС Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 23 июл.
Арзанда бошад депутат! Минбари «Тоҷикистон»: Паллаев Ғ. П. раиси Раёсати Шўрои Олии РСС Тоҷикистон, депутати халқии СССР // Тоҷикистон. – 1990. – №2. – С. 4-6.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ