Ин наққоши маъруфи давраи Эҳё ҳамагӣ 57 сол умр дидааст. Аз фавти бармаҳалаш моро 492 сол ҷудо мекунад. Аммо тӯли ин ҳудудан 500 сол аз даргузашташ ҳам маъруфияташ коста нашудаву аз сол ба соли дигар мунаққидон бештар асарҳои ӯро мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор медиҳанд.
Дюрер Албрехт 21 уми майи соли 1471 дар Нюренберг, Олмон ба дунё омадааст. Вай наққош, ҳаккок ва риёзидони олмонии давраи Эҳё буд. Санъати заргариро дар назди падараш ва санъати тасвириро дар коргоҳи рассом ва ҳаккоки нюренбергӣ Михаел Волгемут (1486–90) омўхтааст. Аввалин асари худро Дюрер дар синни 13 солагӣ (1480 эҷод карда буд.
Асарҳои аввалини Дюрер ба санъати тасвирии асри 15 хос бошанд ҳам готикаи нав ва «Эҳё» - ро инъикос мекарданд. Баъдан (1490–95) ба Италия ва Олмон сафар карда, ба доираи башардўстон ва ноширони китоб ҳамроҳ шуд ва дар офаридани тасвирҳои нашрияҳои нав ширкат дошт. Соли 1505 ба Венетсия баргашт. Соли 1512 бо император Максимилиани 1 (1459–1519) шинос шуда то охири умр (1519) барои ў кор кардааст.
Сафарҳои Дюрер (1520–21) ба Нидерландия ва Италия ғояҳои инсондўстиро дар эҷодиёташ бештар намуда, ба ў дар омўзиши амиқи табиат, дарки қонунмандиҳои санъати нафиса мусоидат кардаанд. Маҳорати баландии рассомии Дюрер дар асарҳои манзаравии ў «Намуди Триент» (1495, Нигористони Бремен), «Хоначае дар канори ҳавз» (1495–97, «Осорхонаи Британия, Лондон») ба хубӣ ба мушоҳида мерасад.
Асарҳои «Меҳроби Дрезден» (1496, Нигористони Дрезден), «Сачда ба Салоса»- и ў (1511, Осорхонаи бадеӣ-таърихии Вена) дар санъати тасвирии Олмон навоварӣ будаанд. Дюрер дар соҳаи ҳаккокӣ асарҳои беҳамто офаридааст (тақрибан 350 нақши дар чўб ва 100 нақши дар мис ҳаккокишуда), ки дар графикаи ҷаҳонӣ намунаҳои беҳтарин мебошанд: силсилаасарҳои «Апокалипсис» («Охируззамон 1498»); «Ҳаёти Марям» (1502–11) ва ғайра.
Дар эҷодиёти Дюрер инъикоси ҳаёти табақаи заҳматкаши ҷамъият, бахусус деҳқонон («Се деҳқон 1497, «Деҳқонон ҳангоми рақс» 1514, ҳаккокӣ дар мис) мавқеи муҳим доранд.
Солҳои 1500 дар эҷодиёти Дюрер таносуби мукаммали тани инсон яке аз мавзўъҳои асосӣ гардид, ки асрори онро бо тасвири расмҳои занону мардони урён меҷуст («Одам ва Ҳавво», ҳаккокӣ дар мис, 1504). Дюрер яке аз пайкаранигорони забардасти санъати ҷаҳонист. Асари таркибии «Чор ҳаворӣ» (1526) дастоварди баланди эҷодии Дюрер мебошад, ки дар он чор образи мустақил мақсаду мароми ягона, матонату устувориро дар мубориза барои адолат ва ҳақиқат муттаҳид намудааст. Дар эҷодиёти Дюрер асари сегонаи ҳаккокии «Баҳодур, Марг ва Шайтон» (1513), «Иероними Муқаддас дар хонақоҳо» (1514), «Молихулиё» (1514) мавқеи муҳим доранд.
Дюрер беш аз 900 мусаввара офаридааст. Ба ғайр аз рассомӣ илми кимиё, риёзиёт ва нуҷумро омўхта ба адабиёт ва назарияи санъат низ машғул шудааст. Солҳои охири ҳаёташ Дюрер асарҳои назарии худро таҳти унвонҳои «Дастур барои андозагирӣ бо паргор ва хаткаш» (1525), «Дастурамал оид ба таҳкими шаҳрҳо, қалъаҳо ва истеҳкомҳо»(1527) «Чор китоб дар бораи таносубҳои андоми инсон» (1528) офаридааст.
Дюрер барои рушди санъати тасвирии нимаи аввали асри 16 дар Аврупо нақши муассир гузоштааст. Ў дар эҷодиёти худ беҳтарин дастовардҳои санъати Шимол ва Италияро бо ҳам пайваст ва инкишоф дод.
Дюрер 6 уми апрели соли 1528 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз Энсклопедияи мили тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 328.
Дар бораи Алберх Дюрер дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед пайдо ва мутолиа намоед:
Несельштраус, Ц. Г. Дюрер. – Москва, 1961.
Зарницский, С. Дюрер: Жизнеописание Альбрехта Дюрера, Нюренбергского мастера, повествование о времени в катором он жил. Илюдах, которые его окружали, о его много трудных поисках красоты, горестях и радостях, о смерти художника и бессмертии его труда / С. Зарницский. – Москва:Молодая гвардия,1984. – 351 с.
Львов, С. А. Албрехт Дюрер. – Москва: Искуство, 1985,319 с.
Матвинская, Г. П. Албрехт Дюрер - ученый. – Москва: Наук,1987. – 240 с.
Брион, М. Дюрер. – Москва: Молодая гвардия, 2006. – 192 с.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова.
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.