Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Боқӣ Раҳимзода аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти асри 20 аст, ки осораш дар радифи шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакар ба зумраи ашъори мондагор дохил шудааст. Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ, мураттибон З. Ғолибов, И. Ормонов, пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Б. Наботова, Б. Қурбонова ва муҳаррирон Г. Маҳмудов, Н. Валиева таҳия шудааст.
Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 132 саҳифа аз чоп баромад.
Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва кўмакфеҳристҳо иборат мебошад. Дар қисми аввал номгўйи осори дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи осори дар нашрияҳои даврии чопӣ ва электронӣ интишорёфта, ҳамчунин тарҷумаҳои Боқӣ Раҳимзода гирдоварӣ шудаанд.
Қисми дуюми дастур адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Боқӣ Раҳимзода ва маводҳо дар бораи ўро дар бар мегирад.
Номгўйи ҳамаи асарҳо ба забони асл ва тибқи меъёрҳои стандартӣ оварда шудаанд. Мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шуда ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ комил гардонида шудаанд.
Номгўйи ҳамаи асарҳои адиби маъруф бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оварда шудаанд.
Дастури мазкур маводи чопию электронии солҳои 1939-2020 нашршударо низ дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шудааст.
Барои осон дарёфт намудани мавод дар дастур нишондиҳандаҳои ёрирасони алифбоии асарҳо ва номӣ оварда шудааст.
Ба хотири ошноии комил пайдо кардан ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури мазкурро дар шакли нисбатан комил омода намуда, онро ба аҳли илму адаби кишвар ва доираи васеи хонандагон пешниҳод менамояд.
Б. Таҳияи Қурбонова, Ҳ. Назарова,
кормандони шуъбаи бибилиографияи миллӣ.