Ҷойи холии мунаққиди борикназар баъди се соли даргузашт

Аз даргузашти устоди мунаққидони тоҷик Соҳиб Табаров  ҳудудан се сол мегузарад. Ҳар қадар ба гузаштаи таърихи нақди ададбӣ менигарем, бо вуҷуди ҳузури шогирдону пайравонаш боз ҳам ҷойгоҳи ӯро холӣ мебинем. Нақди мо имрӯз ҳам ниёз ба қалами ӯ, бинишу афкор ӯ дорад. Соҳиб Табаров рафт, аммо осори гаронмояаш боз даҳсолаҳо хизмат хоҳад кард. Ҳамин аст маънои рафтан, вале мондан.

Дар муаррифии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи ин устоди устодон мехонем:

СОҲИБ ТАБАРОВ  23 ноябри соли 1924 дар деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1943 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо баҳои аъло тамом карда, дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб ва Донишкадаи омӯзгории Душанбе машғули муаллимӣ шудааст.

Соли 1949 дар мавзӯи ««Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Офаридаҳои нахустинаш диққати Устод Айниро ҷалб намуда, сазовори баҳои муносиби ӯ гардидаанд ва барояш ҷодаи муҳаққиқиро ҳамвор сохтаанд.

Ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёт, проректори қисми илмӣ, мудири кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин будааст. Соле чанд мудирии шуъбаи назарияи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳам бар уҳда доштааст.

Соли 1953 узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Дар таҳқиқу тадқиқи осори Н. Островский, М.Е. Салтиков-Шедрин, С. Пайрав, Алӣ Хуш, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Ф.Ниёзӣ, Р. Ҷалил, М. Қаноат, Гулрухсор ва дигарон саҳми босазо гузоштааст.

Рисолаву брошюраҳои муфассалу мудаллали адабиётшиносӣ ва дастуру воситаҳои таълимии «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Хрестоматияи адабиёти тоҷик барои синфи 9» (1951-1954), «Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Садриддин Айнӣ – сарояндаи Инқилоби Октябр» (1958), «Образи Ленин дар назми советии тоҷик» (1961), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962, 2012), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Назарияи Ленинии партиявияти адабиёт ва санъат» (1963), маҷмӯаи панҷҷилдаи мақолаҳои «Ҳаёт, адабиёт ва реализм» (1966-1989), «Васфи Октябр дар назми советии тоҷик» (1968), «Симои ҷовидонии пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Дастури таълим оид ба назарияи танқиди адабӣ» (қ. 1-1980; қ. 2-1983), «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1980, 1988), «Усули Ленинии ҳизбӣ будани адабиёт ва ҳунар» (1986), «Инъикоси бадеии Октябр дар назми тоҷик» (1987), «Методи таҳлили осори бадеӣ» (1992), «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитрат» (1997), «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (1999), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (ҷ. 1-2008, ҷ. 2-2009) ва бештар аз 600 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ ва эссеҳои хонданӣ самараи заҳмати пурсамари бештар аз 60-солаи ӯстанд.

Бар замми ин, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзад. Узви чандин шӯрову садорату созмони ҷамъиятию илмиву адабӣ мебошад.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷоизаи ба номи М.Осимии АИ ҶТ, доктор ва профессори ифтихории Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Бо орденҳои «Дӯстӣ»-ю «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

12 апрели соли 2015 дар синни 92-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

 Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Соҳиб Табаров ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро суроғ кунед:

Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 52 с.

Адабиёти муосири советӣ. – Душанбе, 1984. – 77 с.

Ҳаёт, адабиёт, реализм. – Душанбе: Адиб, 1989. – 208 с.

Методи таҳлили асари бадеӣ. – Душанбе: Дониш, 1992. – 147 с.

Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик: Саъдулло Рабиӣ. – Душанбе: Шарқи озод, 2001. – 100 с.

Васфи Ватан дар ашъори Абдуррауфи Фитрат. – Душанбе, 2001. – 50 с.

Оила ва вазифаҳои хонадорӣ аз назари Абдуррауфи Фитрат. – Душанбе, 2003. – 195 с.

Мавлуди шариф ё худ миръоти хайр-ул-башар. – Душанбе, 2003. – 80 с.

Ёде аз Одина Ҳошим. – Душанбе: Матбуот, 2004. – 52 с.

Сипос ба қадрдонӣ. – Душанбе, 2005. – 24 с.

Романи «Ғуломон» - и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: Адиб, 2005. – 240 с.

Ҷаҳони андешаҳои Абдурауфи Фитрат. – Душанбе: Дониш, 2008. – 715 с.

Мирзо Абдулвоҳиди  Мунзим: Очерки мухтасари ҳаёт ва эҷодиёт. – Душанбе: Дониш, 2011. – 280 с.

Намирад ҳар кӣ накўном зист: Хотираҳо дар бораи шоири тоҷик – Мирзо Абдулвоҳид Мунзим // Илм ва ҳаёт. – 1989. – №9. – С.12-14.

Ризоӣ ва Пайрав // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 9 май.

Тазоди ду ақида: Мутолиа, омўзиш ва таҳқиқи осори А. Бедил дар эҷодиёти С. Айнӣ // Садои шарқ. – 2004. – №10-12. – С.73-79.

Ман шогирди Бертелсам: Мусоҳибаи рўзноманигор бо академик Соҳиб Табаров // Чархи гардун. – 2004. – 10 декабр.

Дар бораи марҳум Табаров:                     

Бечка, И. «Ҳаёт, адабиёт, реализм»: Асарҳои ба мукофоти ба номи Рўдакӣ пешниҳодшудаи С. Табаров // Маориф ва маданият. – 1967. – 10 октябр.

Сафарзода, Ғ. Ҳамқадами замон: Аз коргоҳи муҳаққиқ С. Табаров // Маориф ва маданият. – 1968. – 15 август.

Ҳудойдодов, Б. Фикрҳо як сон нестанд…: Доир ба фаъолияти эҷодии мунаққид С. Табаров // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 13 декабр.

Асозода, Х. Устоди ман: Ба ифтихори 70-солагии зодрўзи олим, адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик С. Табаров // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 26 ноябр.

Раҳмонов, А. Ҳимоятгузори адабиёт: Ё нигоҳе ба мактаби эҷодии С. Табаров // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 26 август.

Солеҳов, Ш. Марди роҳи маърифат: Ҷашни 75-солагии адабиётшинос С. Табаров // Ҷумҳурият. – 1999. – 25 ноябр.

Осорхонаи олим  дар Мўъминобод: Осорхонаи С. Табаров // Омўзгор. – 2006. – 24 ноябр.

Аҳмад, К. Ятим будам, ятим мемирам: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти аввалин дотсенти Тоҷикистон, адабиётшинос С. Табаров // Тоҷикистон. – 2009. –14 май.

Кўчаров, А. Роҳи шараф: Шеър ба устоди зиндаёд С.Табаров // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 19 ноябр.

Саидов, И. Ҳамқадами адабиёти давр: Хотироте аз олими шинохта, мунаққид ва адабиётшиноси барҷаста С. Табаров // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 28 сентябр.

Таҳияи Саодат Қодирова,
Корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ