Василий Бартолд – муаллифи аввалин китоби “Тоҷикон”

Василий Владимирович Бартолд машҳуртарин шарқшиносе буд, ки шуруъ аз замони ҳукумати подшоҳии Русия то охири умр талош кард таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро мавриди пажуҳиш қарор диҳад. Шарқшинос, арабшинос, исломшинос, муаррих, адабиётшинос...буд. Шахсе, ки ҳанӯз соли 1925 китобе бо номи “Тоҷикон” навишт.

Василий Владимирович Бартолд шарқшиноси Шуравӣ, академик (соли 1913) 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри  Петербург таваллуд шудааст.

Соли 1891 факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи Петербургро  хатм кард. Приват-дотсент (аз соли 1896) ва профессори (аз соли 1901) ҳамин донишгоҳ. Нахустин мақолаи илмии ў «Дар бораи дини насронии Осиёи Миёна» (1889) аз тарафи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Петербург бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Бартолд солҳои 1893-1894, 1902,1906, 1920 ва 1925 ба бисёр шаҳрҳои таърихии Осиёи Миёна сафар карда, аз бойгониву китобхонаҳо ва аз шахсони алоҳида сарчашмаҳо ҷамъ кард. Вай барои навиштани таърихи халқҳои Осиёи Миёна дар бойгониву китобхонаҳои Миср, Туркия, Англия, Фаронса, Олмон, Амрико, Булғористон, Финландия, Италия ва ғайра низ кор кард. Зиёда аз 700 асар навишт, ки аксарияти онҳо ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна бахшида шудаанд.

Дар тадқиқи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, нумизматика ва эпиграфикаи Осиёи Миёна низ ҳиссаи сазовор гузошт.

Аксари асарҳои Бартолд монанди: «Туркистон дар давраи тохтутози муғулҳо» (қ.1-2, солҳои 1898-1900), «Тафсири таърихию географии Эрон» (1903), «Доир ба таърихи обёрии Туркистон» (1914), «Улуғбек ва давраи вай» (1918) ва ғайра то имрўз қимати баланди илмӣ доранд.

Пас аз Инқилоби Октябр Бартолд тамоми ҳаёту фаъолияти худро ба манфиати халқ, тараққиёти илм ва тарбияи зиёиёни нави шуравӣ бахшид. Баъд аз тақсими ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар соли 1924 якчанд асар навишт: «Тоҷикон» (соли 1925), «Қирғизҳо» (соли 1924), «Очерки таърихии туркманҳо» (соли 1929).

 Дар корҳои навсозии Академияи фанҳои ИҶШС, таъсиси Университети Осиёи Миёна дар Тошкент фаъолона иштирок кард.

Бартолд профессори Институти шарқшиносии Москваю Ленинград, Университети Осиёи Миёна ва дигар донишкадаҳои ИҶШС буд. Бартолд раиси доимии Коллегияи шарқшиносии Академияи фанҳо, ҷонишини раиси Академияи таърихи маданияти моддии Россия, раиси Экспедитсияи этнологии Осиёи Миёна, узви Шурои илмии Экспедитсияи Помир ва ғайра буд.

 Дар ташкили осорхонаҳо, китобхонаҳои шарқшиносӣ, ҷамъоварии дастхатҳои шарқӣ хизмати шоён кардааст.

19 августи соли 1930 дар синни шастсолагӣ вафот кардааст.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.382.

Муаллиф Н. Акрамов.

Аз Василий бартолд дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро бихонед:

Извлечение из «Тарихи-шахрохи». – Санкт-Петербург: Типография императорской Академия наук, 1898. – 114 с.

Китаби – Коркудъ. –Санкт-Петербург: Академия наук, 1900. – Т.3. – 60 с.

Народное движение в Самаркандь. –Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1906. – Т.17. – 19 с.

Система счисления орхонских надписей в современном диалекть. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1907. – 173 с.

Материалы для истории факультета восточныхъ языковъ. – Санкт-Петербург: Типография М. М. Стасюлевича. – 1909. – Т.4. –206 с.

Церемониал при дворь узбецких ханов в 17 вькь. – Санкт-Петербург: Типография В. Э. Кришбаума, 1909. – 308 с.

Султан Синджар и гузы. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1910. – Т.XX. – 4 с.

Запись о русском посольствь в персидской рукописи. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1914. – 367 с.

О командировкь в Лондон. – Петроград: Типография императорской Академии наук, 1914. – 882 с.

Правнук. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1914. – 156 с.

Отчет о командировке в Туркестанский край летом 1916 года. – Петроград: Академия наук, 1916. – 1242 с.

Карл Германович Залеман. – Петроград: Типография Академии наук, 1917. – 22 с.

К Сказкь о Хитрости Дидоны. – Петроград: Типография Российской Академии наук, 1917. – 151 с.

К истории религиозных движений X века. – Петроград, 1918. – 798 с.

Ислам. – Петроград: Огни, 1918. – 95 с.

Отчет о командировке в Туркестан. – Известия Российской Академии истории материальной культуры, 1922. – Т. 2. – 22 с.

Иран: Исторический обзор. – Ташкент, 1926. – 122 с.

Еще об анониме Искендера. – Ленинград: Издательство Академии наук, 1929. – 180 с.

Сочинение. Т.1-9. – Москва, 1963-1977.

Бартолд В. В.Тоҷикон: Очерки таърихӣ / Пешгуфтори М. Муллоаҳмадов // Садои Шарқ. – 1990. – №1. – С.92-103.

Дар борааш

Умняков, И. И. В. В. Бартольд. По поводу 30-летия профессорской деятельности. – Ташкент, 1926. – 202 с.

Акрамов, Н. М. Выдающийся русский востоковед В. В. Бартольд. – Душанбе: АН Таджикской ССР, 1963. – 112 с.

Акрамов, Н. М. Академик В. В. Бартолд: Дар бораи фаъолияти илмии олим, шарқшиноси тоҷик В. Бартолд / Муҳаррир А. Сангинов. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 55 с.

Акрамов, Н. Шарқшиноси машҳур: Ба муносибати 100-солагии зодрўзи олими рус В. В. Бартолд // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 15 ноябр.

Олимова, С., Олимов, М. Ба гузашта бо диққат назар андозем: Тафсири таърихӣ-фалсафӣ перомуни ёддоштҳои академик Бартолд В. В. // Коммунисти Тоҷикистон. – 1990. – №4. – С.76-80.

Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ