Алиаскар Ҷонфидо: Донишманди эроние, ки дар Тоҷикистон маъруф шуд
Нашр шуд 2017-10-28 16:19
Алиаскар Ҷонфидо соли 1926 дар Эрон дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи ҳаводорони ҳизби коммунистмаоби “Тӯда” буд ва барои ширкаташ дар муборизаҳои озодихоҳӣ зери таъқибу фишор қарор гирифт ва ногузир шуд қатори садҳ тан аз фаъолони ин ҳизб ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат кунад. Ҳамин тавр сарнавишт ӯро ба Тоҷикистон овард. Тоҷикистонро ватани дуюми худ интихоб намуд ва ба фаъолиятҳои гуфтардаи илмӣ пардохт. Омаданаш ба Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсии вай барои ҳамеша нуқта гузошт. Аз ин ба баъд ҷомеа Ҷонфидои олимро мешинохт ва то охири умр олиму пажуҳишгари хуб боқӣ монд ва хизматҳои шоистае кард.
Ҷонфидо аз собиқадорони Шўъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, баъдан ходими калони Институти шарқшиносӣ ва феълан Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ Тоҷикистон буд. Солҳои мадид ба ҳайси корманди шўъбаҳои марбута,ки бештар бо таҳияи матнҳо сару кор доштанд, машғул шуд ва ба тадриҷ бо масъалаҳои мухталифи шарқшиносӣ ва таҳқиқи эҷодиёти баъзе намояндагони ҳаёти адибӣ, чун баррасии осори Тамкин сар кард. Ў аввал намунаҳои ғазалиёти Тамкинро дар маҷаллаи «Садои Шарқ», №5, соли 1968 ба чоп расонд.
Ў соли 1968 рисолаи илмии худро зери унвони «Абдурраҳмони Тамкин шоири асри XIX» бомуваффақият дифоъ намуда, унвони номзади илми филологияро дарёфт намуд.
Дар мудатти кор дар Шўъба ва баъдан Институти шарқшиносӣ 14 асари илмӣ навишта, дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ ба табъ расонид. Ў соҳиби зан ва ду писар буд. То рўзи мусофираташ аз Душанбе зиндагӣ ба сар мебурд. Дар тамоми муддати ҳамкорӣ бо рафиқони ҳамкор муносибати дўстона ва хайрхоҳона дошт. Ў ба ҳама кўмаки дўстона мерасонданд. Алиаскар илова ба корҳои илмӣ бо бисёр намояндагони илму фарҳанги шаҳр робитаҳои ҳамкорӣ дошт ва солҳо бо радиои марказӣ, бахши хориҷии онҳо ширкат меварзид. Ҷонфидо ходими илмии Шўъбаи нашри осори адабӣ буд.
«Осори мунтахаб»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (ҷ.1-2) бисёр сарчашмаҳои илмӣ адабиро Ҷонфидо ба хатти зебои худ ба нашр омода намуда, ба табъ расонд ва чун шиноснома ба ин сарчашмаҳо пешгуфтор навишт. Онҳо ки ба ҳайси матнҳои интиқодӣ ба чоп мерасиданд, чун муқаддима ва шарҳу тафсир ва тавзеҳот дар поварақ фарқи нусқаҳо низ дода мешуд. Ин усул хела солҳо бардавоми илмӣ, ки бо номи «илмӣ-интиқодӣ» ёд мешавад, дар баъзе сарчашмаҳои мавриди таҳқиқи эшон зарфият ёфта, комилан муроот гардидааст. Ин тарз умри китоб, теъдод ва аҳмияту умри онро дароз мекунад.
Як силсила осори қаламии Абдураҳмони Ҷомӣ ва олимону адибони дигар бо саъю кўшишҳои Ҷонфидо ва хушнависии ў ба чоп расиданд, ки мавриди истифодаи доираи васеи хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Алиаскар Ҷонфидо соли 2007 аз олам чашм пӯшид.
Аз ин олими пуркор ва донишманди маъруф ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳо ва мақолаҳоро дастрас кунед:
Таҳияи Ибодат Солиева,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ