Имрӯз барои Китобхонаи миллӣ рӯзи поккориву низофат буд.
Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд.
Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.
Ҳафтаи ҷорӣ дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.
Ба истиқболи Рӯзи кинои тоҷик 16-уми октябр мақолаи доктори илми фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо номи “Синамо ойинаи миллат аст” чоп шудааст. Муаллиф аз ҷумла менависад: “Синамо аз ҳунарҳоест, зодаи тамаддуни пешқадам.
Шояд касе аз хориҷиён ба мисли Иржи Бечка адабиёт ва фарҳанги тоҷикро тарғибу ташвиқ накарда бошад. Ин олими барҷаста пайвандҳои ногусастанӣ бо Тоҷикистон дошт. Ва аз он ҳам меболид, ки Тоҷикистонро дӯст медорад.
Бечка Иржи 16 – уми октябри 1915 шаҳри Прагаи Чехия ба дунё омадааст. Тоҷикшиноси барҷастаи чех, доктори илмҳои фалсафа ва адлия, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1990), дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, як умр
МАРИАННА ФОФАНОВА 21-уми октябри соли 1921 дар Заводи Пудеми Удмурдистон ба ҷаҳон омадааст. Дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Свердловск таҳсил кардааст. Солҳои ҶБВ ҳамшираи шафқат будааст. Соли 1943 ба Тоҷикистон омада, дар корхонаҳо кор кардааст.
Баъдан хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» будааст.
Соли 1949 Донишгоҳи адабиёти ба номи М. Горкийро хатм карда, хабарнигори «Литературная газета» дар Осиёи Миёна таъин шудааст.
Аз соли 1951 мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1968 мудири шуъбаи назми моҳномаи «Помир» будааст.
Азиз Несин барои ҷомеаи Тоҷикистон шахси ноошно нест. Аз аввали солҳои 60-и асри гузашта аввал ягон-ягон ва баъдан теъдоди зиёди ҳикояҳои ӯ дар матбуоти кишвар нашр шуданд. Соли маҷмуъаи ҳикояҳои тарҷумашудаи адиб бо номи “Фонус” аз чоп баромад.
Азиз Несин 13 октябри соли 1915 дар Истамбул таваллуд шудааст. Азиз Несин тахаллуси нависанда буд, номи аслиаш Маҳмуд Нусрат мебошад. Несин нависанда ва публитсисти турк, устоди ҳаҷви сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муаллифи ҳикоя ва романҳои ҳаҷвист.