Имрӯз шоираи маъруф Марианна Фофанова ба синни 96 даромад
Нашр шуд 2017-10-21 15:43
МАРИАННА ФОФАНОВА 21-уми октябри соли 1921 дар Заводи Пудеми Удмурдистон ба ҷаҳон омадааст. Дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Свердловск таҳсил кардааст. Солҳои ҶБВ ҳамшираи шафқат будааст. Соли 1943 ба Тоҷикистон омада, дар корхонаҳо кор кардааст.
Баъдан хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» будааст.
Соли 1949 Донишгоҳи адабиёти ба номи М. Горкийро хатм карда, хабарнигори «Литературная газета» дар Осиёи Миёна таъин шудааст.
Аз соли 1951 мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1968 мудири шуъбаи назми моҳномаи «Помир» будааст.
Аввалин шеъру тарҷумаҳояш аз соли 1944 пайдо шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Нишонаҳои роҳ» (соли 1953), «Офтоби кӯҳистон» (соли 1957), «Роҳи сафед» (соли 1957), «Боди аср» (соли 1961), «Нақши таваллуди ту» (соли 1964), «Ҳисси ҳафтум» (соли 1968), «Мунтахабот» (соли 1971), «Борони баҳорон» (соли 1980), «Дар остонаи курраи арз» (соли 1982), ва ғ., достонҳои «Дараи Варзоб», «Дар роҳ», «Салом, Лутфия!», «Боди аср» ва силсилаи таронаҳои «Норакидухтар» мебошад.
Ашъору гулчини тарҷумаҳояш дар дуҷилдаи «Суруди муҳаббат», ки нашриёти «Молодая гвардия» (Маскав) соли 1972 чоп кардааст, фароҳам омадаанд.
Шеърҳои бисёре аз шоирони тоҷикро ба русӣ гардондааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Аз соли 1953 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Суроғаи доимии ин мақола: http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/302-marianna-fofanova
Аз Марианна Фофанова дар Китобхонаи миллӣ бихонед:
Панҷ қитъа; Сайргоҳи орзу: Шеърҳо / Тарҷумаи Гулчеҳра // «Таронаи Октябр». – Душанбе, 1967. – С. 149-152.
На пороге земном / М.П. Фофанова. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 304 с.
Летные ливии: Стихи / М. Фофанова. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 112 с.
Дар роҳи нур: Маҷмўаи ашъор. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 112 с.
Варақе дар кафи даст: Солонаи устод Айнӣ // Маориф ва маданият. –
1969. – 17 апрел.
Гулаки даштӣ; Бахти ман: Таронаҳо / Тарҷумаи Гулчеҳра // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №3. – С. 8.
Пиёлаи тоҷикӣ: Шеър / Тарҷумаи Б. Фаррух // Занони Тоҷикистон. – 1984. – №10. – С. 13.
Веселая гуль: Стихи // Коммунист Таджикистана. – 1973. –14 август.
Белое золото; Мазайка огня; Бессмерти: Стихи // Памир. – 1980. – №10. – С. 9-11.
Все для людей: Стихи // Звезда востока. – 1981. – №5. – С. 18.
Голос друга; Праздник осени: Стихи // Комсомолец Таджикистана. – 1981. – 29 ноября.
Дар бораи ӯ:
Кузьменко, Т. Поэзии светлой родник: О поэзии М. Фофановой // Кулябская правда, 1985. – 29 июня.
Фофанова Мариана: О ней // Писатели Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 1986. – С. 433-435.
Абдуллоева, М. Тараннумгари дўстӣ: Оиди эҷодиёти шоираи соҳибистеъдод, яке аз аввалин адибони рус Марианна Петровна Фофонова // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 7 март.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ