Ба даргузашти Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ 89 сол шуд

89 сол пеш, рӯзи 18-уми март Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ-шоир, дромнавис, бастакор, ҳунарманд ва нависандаи шуҳратёри ӯзбек тарки олам кард. Ёдаш ҳамеша дар қалби ҳаводорони осораш боқист. Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ адибе буд, ки ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ менавишт ва ба адабиёти тоҷику миллати тоҷик эҳтироми хоса дошт.

 Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ 6 марти соли 1889 дар шаҳри Хўқанд ба дунё  омадааст. Ҳакимзода шоир, драматург, бастакор, таҳиягар, актёр, нависанда ва ходими ҷамъиятии ўзбек буд. Соли 1926 ба ў унвони Шоири Халқии РСС Ўзбекистон доданд.      

 Дар мадраса таҳсил кардааст. Барои камбағалон мактаб ташкил карда, дар он дарс гуфтааст. Ҳакимзода барои шинохтани оламу одам ва гирифтани сабақи зиндагӣ ба Арабистон, Афғонистон ва Ҳиндустон сафар кардааст. Эҷодиёти Хакимзода аз соли 1905 оғоз ёфтааст. Вай ашъорашро бо тахаллуси «Ниҳон» ва «Ниҳонӣ» мегуфт. Ў ба забони тоҷикӣ низ шеър гуфтааст. «Девон» -и  ў, ки ашъори ўзбекиву тоҷикиашро фаро гирифтааст, соли 1949 ба табъ расидааст.

Ҳакимзода дар бархе аз ғазалиёти девон, баробари васфу тараннуми ишқу муҳаббат, гоҳо нобаробариҳои иҷтимоиро зери танқид гирифта, мардумро ба донишомўзиву маърифат даъват намудааст.  Шеъри «Рамазон» (1914), повести «Бахти нав» (1915) ва песаи «Хаёти заҳролуд ё худ Қурбони ишқ» (1916) низ бо ҳамин рўҳия эҷод шудаанд. Дар тўли солҳои 1916-1919 ҳафт маҷмўаи ашъори шоир нашр шудааст, ки аз мундариҷаи онҳо рўҳияву назарияи инқилобии адиб ҳувайдост. Шеърҳои маҷмўаи «Гули хушбўй» (1919) аз нахустин намунаҳои назми инқилобии ўзбек дониста шудаанд.   Соли 1918 драмаи «Бой ва хизматгор» -ро навишт, ки он аввали пйеса дар драматургияи шўравии ўзбек мебошад. Пйесаҳои «Найрангҳои Майсара» (1926) ва «Асрори фаранҷӣ» (1927), ки аз қисмати вазнини зани ўзбек дар солҳои пеш аз инқилоб ҳикоят мекунанд, шўҳрат доранд (ҳар ду ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд).

Ҳакимзода баъди Инқилоби Октябр дар Хўқанду Фарғона чанде ба муаллимӣ машғул шуд. Вай труппаи театри сайёр ташкил намуд, ки дар хидмати Фронти Туркистон буд. Ў дар Шўъбаи сиёсии Фронти Туркистон ва Шўъбаи маорифи сиёсии вилоят кор кардааст.       

Ҳакимзода як силсила сурудҳо офаридааст. Аз соли 1915 то 1919 чор маҷмўаи сурудҳояш интишор ёфт. Сурудҳои ў мазмун, шакл ва оҳанги халқӣ доранд. Ў дар онҳо ба эҷодиёти лафзӣ ва таронаҳои халии ўзбекиву тоҷикӣ такя намудааст. Ҳакимзода аз ноҳияҳои гуногуни ўзбекнишину тоҷикнишин таронаҳои халқиро ҷамъ оварда, худ бо асбобҳои миллӣ месуруд. Як миқдор сурудҳояш дар маҷмўаи «Таронаҳои Фарғона, Бухоро ва Хева» (1931) ҷой дода шудаанд. Соли 1926 операи «Қорасоч»-ро таҳия намуд, ки либретто ва мусиқияшро низ худаш таҳия кардааст. Ҳакимзода бо ин кор ба санъати операвии ўзбек поя гузошт. Ҳакимзода тимсоли дўстиву бародарии халқҳои тоҷику ўзбек аст. Ба забони тоҷикӣ шеърҳои зиёде офаридааст, ки онҳо аксаран дар хазинаи меросаш маҳфуз буда, миқдоре аз онҳо ҳанўз чоп нашудаанд. Ў дар мақолаи «Тоҷикон ва саноеи нафиса» дар ҳаққи тоҷикон бо таваҷҷўҳи хосе мегўяд: «…ҳамаи тоҷикон хонанда, … бозандаанд ва дар майдони эҷоди шеър аз ҳама тозандаанд».

Ў дар байни мардуми тоҷик бо эҳтиром ёд мешавад. Намунае чанд аз ашъори тоҷикии Ҳакимзода дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (1961, №2) ба табъ расидааст. Бисёр шеърҳо ва песаҳояш ба забони тоҷикӣ ва дигар забони халқҳои собиқ СССР тарҷумаву нашр шудаанд. Пйесаҳои «Бой ва хизматгор» (тарҷумаи М. Аминзода) солҳои зиёдест, ки дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, дар театрҳои вилояти Суғду Бадахшон намоиш дода мешавад. Студияи телевизионии тоҷик песаи дигари ў – «Найрангҳои Майсара»-ро (тарҷумаи А. Саидов) ба саҳна гузошт.

Дар Студияи телевизиони Ўзбекистон филми бисёрсериягие бо номи «Роҳи пуршараф» (муаллифи сенария К. Яшин, режиссёр Ш. Аббосов) таҳия гардидааст, ки аз ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳакимзода ҳикоят мекунад.    

Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ 18 марти соли 1929 дар деҳаи Шоҳимардон, ҳозира шаҳри Ҳамзаи вилояти Фарғона аз олам чашм пўшидааст.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат». – Душанбе, 2004. – Ҷ.3. – С. 451-452. Муаллиф: Алӣ Муҳаммадӣ.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва осори ӯ ин мтаолибро метавонед бихонед:

  • Ҷазои тўҳматчиён: Мазҳака иборат аз ду намоиш // Саҳнаи ҳаваскорон. – Душанбе, 1963. – С. 38-46.
  • Асарҳои мунтахаб: Шеърҳо; Намунаи шеърҳои тоҷикӣ; Намунаи асарҳои драмавӣ. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 336 с.
  • Бой ва хизматгор: Пйеса / Тарҷумаи А. Аминзода // Гулчанбари ишқ. – Душанбе, 1989. – С. 3-70.
  • Гулчанбари ишқ:  Пйесаҳо / Муҳаррир Л. Асоев. – Душанбе: Адиб, 1989. – С. 3-70.
  • Гуфтори як эшон: Шеърҳои ҳаҷвӣ / Тарҷумаи А. Аминзода // Шарқи Сурх. – 1949. – №9. – С. 38.
  • Китоб: Шеър / Тарҷумаи Б. Ҳамроев // Ўзбекистони сурх. – 1961. – 10 феврал.
  • Ҷонон меояд, хуш омадед; Эй санам: Шеърҳо // Занони Тоҷикистон. – 1961. – №2. – С. 21.
  • Ба зану духтарони ўзбек: Шеър / Аз ўзбекӣ тарҷумаи М. Аминзода // Шарқи Сурх. – 1964. – №3. – С. 84.
  • Аз ашъори тоҷикии Ҳамза // Занони Тоҷикистон. – 1969. – №3. – С. 19.
  • Бар сарам ояд; Арзам бигўям; Илм омўз!; Саломам гўй; Хезед, коргарон; Муборак бод!: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1979. – №3. – С. 82-86.
  • Чанд намунае аз ашъор // Маориф ва маданият. – 1979. – 25 сентябр.
  • Паричеҳра: Аз ғазалҳои тоҷикӣ // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1981. – 27 май.

                                                 Дар бораи Ҳамза

  • Абдуллоев, В. Асосгузори адабиёти советии ўзбек: Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ // Ўзбекистони сурх. – 1954. – 18 март.
  • Адиб ва арбоби ҷамъиятӣ: Ба муносибати 70-солагии рўзи таваллуди Ҳамза Ҳакимзода // Занони Тоҷикистон. – 1961. – №2. – С. 21.
  • Асадов, Қ. Нависандаи бузурги ўзбек: Ба муносибати 70-солагии рўзи таваллуди Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1961. – 11 феврал.
  • Адҳам, А. Шоир: Шеър бахшида ба Ҳамза Ҳакимзода // Комсомоли Тоҷикистон. – 1961. – 12 феврал.
  • Асарҳои Ҳамза дар саҳнаи рус //  Ўзбекистони сурх. – 1964. – 6 март.
  • Аминов, Б. Ҳикояи Анорхон-момо: Ба пешвози 90-солагии рўзи таваллуди Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1978. – 19 декабр.
  • Арбобов, И. Ду симои барҷаста: С. Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1981. – 19 сентябр.
  • Абдураҳмонова, М., Шарифова, А.  Муҳити адабии Қўқанд: Аз ҳаёт ва эҷодиёти Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1989. – 20 май.

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ